Захираҳои электронӣ-иттилоотӣ ва нақши онҳо дар ташаккули маънавии ҷомеа

Эҳтимоли зиёд аст, ки дар натиҷаи бунёди захираҳои электронии иттилоотӣ дар ҳаёти иҷтимоии мардум дигаргуниҳои мусбиро ба монанди: суръатгирии раванди корҳои илмию эҷодӣ, беҳтаршавии мазмун, шакл ва методҳои кори муассисаҳои илмию амалӣ, ҳамгироии иттилоотӣ дар шароити таъсири ҷаҳонишавӣ ва баланд шудани эътибор, нақши муассисаҳои илмию амалӣ дар ҳаёти маънавии ҷомеа, рушди мутолиа ва тарғиби маълумотҳо оид ба дастовардҳои илмӣ-амалии соҳаҳои гуногунро дар ҷумҳурӣ мушохида менамоем.

Ташаккули ҳаёти маънавии ҷомеаро бе мутолиаи китоб тасаввур кардан ғайри имкон аст. Чунки роҳе, ки моро сӯи андешаи неку олами  рӯҳӣ  ва ғоявию  ахлоқӣ ҳидоят месозад, ин мутолиаи китоб мебошад. Ҳамчунин ёдовар шудан ба маврид аст, ки илмомӯзӣ аз мутолиаи китоб сарчашма гирифта, то ба ихтирооту кашфиёт меанҷомад. Китоб аз замони ба миён омаданаш ҳамчун манбаъ ва воситаи нигоҳдорандаи ғоя ва донишҳо мебошад. Бинобар ин моро зарур аст, ки чораҳо андешида, роҳҳо ва воситаҳои нави мутолиаро барои хонандагон ошкор созем, зеро яке аз вазифаҳои муқаддаси китобдор ин ба хониш ҳарчи бештар ҷалб намудани хонандагон ва дар таъмини ғизои маънавии ҷомеа ҳиссагузор буданд аст.

Мехоҳам як нуқтаро иброз намоям, ки имрӯз бо пешрафти илму техника ва талаботи ҷомеаи муосир ҳар як соҳаҳои хизматрасонӣ дар мамлакат аз ҷумла хизматрасониҳо дар соҳаи китобдорӣ бояд ба талаботи муроҷиаткунандагон мувофиқ гардонида шаванд. Яъне, талаботи хонандаи имрӯзаро ба инобат гирифта, равандҳои нави фаъолиятро пешкаш намоем. Аз ин рӯ, дар шароити кунунии ҷомеа дар самти хадамоти китодорӣ аз техникаи иттилоотӣ васеъ истифода бурдан, бунёди захираҳои электронӣ ва дастрасӣ пайдо намудан ба онҳо мусоид аст. Масалан, дар китобхонаҳои музофотӣ метавонем маркази иттилоотӣ ташкил намоем ва онро ба шабаки Интернет пайваст намуда, бо ин роҳ ба хонандагоне, ки тариқи низоми ягонаи дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил мешаванд ё ин ки донишҷӯёне, ки бо тарзи фосилавӣ таҳсил менамоянд кӯмак намуда, ҳам эҳтиёҷоти хонандагонро қонеъ гардонем ва ҳам маблағи иловагӣ ба буҷаи китобхона ворид гардад. Барои амалӣ сохтани мақсадҳо мавҷудияти омилҳои зерин мусоидат мекунанд:

- бо техникаи иттилооти таъмин будани китобхонаҳо;

- дар китобхонаҳо мутахассисони касбӣ фаъолият дошта бошанд;

- аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаштани кормандони китобхонаҳо;

- таъсиси Китобхонаҳои электронӣ ё маркази иттилоотӣ дар китобхонаҳо;

- таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои хурд барои ҷалби маблағҳои иловагӣ;

- таъсиси сомона ва ё почтаи электронии китобхона;

- гузаронидани чорбиниҳо ва ғайра.

Тавассути техникаи иттилоотӣ имкони сари вақт дастраси доштан ба иттилоотро дорад, нисбат ба оне, ки сарфаи вақти иловагӣ ба китобхонаҳо рафтан ва ё харидории матбуот. Бинобар ҳамин мақсад, барои дастрасии оммаи васеи хонандагон гардонидани маҳсулоти чопӣ ва сарфаи маблағи иловагӣ ва вақт дар шароити ҷомеаи муосир рақами гардонии маҳсулоти чопӣ ва бунёди захираҳои электронии иттилоотӣ фоли нек хоҳад буд. Чуноне, ки қайд карда шуд, яке аз омилҳои асосии ташаккул ва рушди маънавиёти ҷомеаро мутолиа ташкил мекунад. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки шаклҳои гуногуни хонишро ба монанди хонишҳои электронӣ: китобҳои электронӣ ва китобҳои гӯё (савтӣ) ба хонандагон пешниҳод намоем. Бидуни шак, бунёди захираҳои электронӣ-иттилоотӣ шарт ва талаби ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад.

Мақсад аз бунёди захираҳои электронии иттилоотӣ ин ба даст овардани маводи комили ҳуҷҷатишуда дар шакли электронӣ, коркард, рақамигардонию вориднамоии онҳо ба бойгониҳои электронии китобхонаҳо бошад, аз ҷониби дигар ҳаёти дубора бахшидан ба осори чопии аз назарҳо дур монда мебошад. Дар заминаи таъсиси бонки иттилоотӣ худи мо метавонем, гирдоварии нусхаҳои электронии маҳсулоти чопиро ба пуррагӣ таъмин намуда, ҳамчунин оҷилии қонеънамоии талаботи иттилоотии ҷомеаи муоссирро низ таъмин мозем. Инчунин, дар раванди ҷаҳонишавии фазои ягонаи иттилоот захираи электронии иттилоотӣ бе мубоҳиса метавонад дар ташаккули илму эҷодиёт ва соҳаҳои амалии ҷумҳури таъсири мусбат расонад.

Ҳамчунин, захираҳои электронӣ метавонанд дар фаъолияти муассисаҳои илмию амалии ҷумҳурӣ аз ҷумла, барои муайя кардани саҳми китоб ва китобхонӣ дар ташаккули маънавиёти ҷомеа, таъсири он дар эҳё ва рушди фарҳанги марудми Тоҷикистон ва тарғиби комёбиҳои фарҳанги миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ васеъ истифода гарданд.

Зимни омӯзиши роҳҳо ва воситаҳои ҷалби хонандагон ба мутолиаи китоб ва таъсир расонидан дар тарбияи маънавии ҷомеаи муосир пешниҳод карданиям, ки талаботи хонандаро омӯхта китобҳои серхонандатарин ва китобҳое, ки дар одобу ахлоқ ва хислатҳои неки шахс таъсирбахшанд ба монанди қиссаву ривоятҳо ва панду андарзҳои ҳакимонро ба шакли электронӣ ва савтӣ ба роҳ монда, доир ба ин мавзӯҳо чорабиниҳои оммавӣ-бадеӣ гузаронида шавад. Масалан, китобҳои савтӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони касбӣ (ровиёни хушсадо) дар компакт дискҳои аудиоӣ сабт карда мешаванд, бо хусусиятҳои хоси худ аз китобҳои чопӣ ва электронӣ фарқ мекунанд. Китобҳои савтиро ҳар лаҳза ва дар ҳама ҷой: ҳангоми фароғат ё хангоми дар нақлиёт будан ва ғайра гӯш карда, имконият медиҳад, ки хонанда вақти холии худро барои баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии худ ба маврид истифода намояд. Ташкил, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди истифодаю тарғиб қарор додани китобҳои савтӣ, аз як ҷониб барои бунёди захираҳои электронии иттилоотӣ мусоидат намояд, аз ҷонибӣ дигар барои сари вақт қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти гурӯҳҳои махсуси хонандагон, аз қабили шахсони дорои имконияти ҷисмонии маҳдуддошта шароит фароҳам меорад.

Эҳтимоли зиёд аст, ки дар натиҷаи бунёди захираҳои электронии иттилоотӣ дар ҳаёти иҷтимоии мардум дигаргуниҳои мусбиро ба монанди: суръатгирии раванди корҳои илмию эҷодӣ, беҳтаршавии мазмун, шакл ва методҳои кори муассисаҳои илмию амалӣ, ҳамгироии иттилоотӣ дар шароити таъсири ҷаҳонишавӣ ва баланд шудани эътибор, нақши муассисаҳои илмию амалӣ дар ҳаёти маънавии ҷомеа, рушди мутолиа ва тарғиби маълумотҳо оид ба дастовардҳои илмӣ-амалии соҳаҳои гуногунро дар ҷумҳурӣ мушохида менамоем.

Ҳадафи асосии китобхонаҳои ҷумҳурӣ бояд дар рушди нумӯи Тоҷикистон азиз ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона барои муҳаё кардани зиндагии шоиста ва дар инкишофи озодонаи тафаккури ахлоқию маънавии шаҳрвандон саҳмгузор бошанд ва доираи ҷаҳонбинии онҳоро васеъ намуда, рушди мунтазамии ҷомеаро таъмин намоянд.

 

 

 

 

Сайзароб Надиров, корманди
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ