Шўъбаи библиографияи миллӣ

Шўъбаи библиографияи миллӣ соли 1971 ташкил шуда, корҳои зиёдеро дар кишваршиносӣ ва библиографияи миллӣ анҷом медиҳад.
Ҳамасола ба шўъба 5-6 ҳазор хонандагон ташриф меоваранд, ки ба онҳо беш аз 5 ҳазор маълумотномаҳои шифоҳӣ ва 4 ҳазор нусха адабиёт пешкаш карда мешавад.
Феҳристнигории анъанавӣ ва электронии ҳуҷҷатҳои Шўъба ва анҷом додани корҳои илмӣ-интишорӣ роҷеъ ба масоили кишваршиносӣ самтҳои асосии фаъолияти Шуъба мебошанд.
Аз ҷумлаи фаъолиятҳои дигари шуъба:

  • фонди ҳуҷҷатҳоро бунёд мекунад ва онро такмил медиҳад;
  • дастгоҳои маълумотӣ-библиографиро ташкил мекунад;
  • картотекаи умумӣ ва электронӣ, мавзуъӣ ва фардӣ месозад;
  • хизматрасониҳои иттилоотӣ, маълумотӣ ва тавсиявии библиографӣ ба хонандагони Китобхонаро ба роҳ мемонад;
  • силсилаи дастурҳои библиографии илмию ёрирасон, тавсиявӣ ва иттилоотиро таҳия мекунад;
  • омўзиш ва тарғиби донишҳои библиографиро роҳандозӣ мекунад.

Дар шуъба фонди китобҳои нодир (беш аз 3000) ҷамъоварӣ шудааст, ки онҳо дар феҳристи алифбоӣ ва мураттабии шўъба ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сабт шудаанд.

Сардори Шуъба: Валиева Наргис.
Соати корӣ: ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00
Телефон барои иртибот: 917 80 46 25