Чанд рӯз аст, ки ниҳолшинонӣ дар ҳотаи Китобхонаи миллӣ дар авҷ аст. Бо истифода аз ҳавои мусоиди аввали зимистон, ки мавсими ниҳолшинонист, кормандон дар ҷойҳои холӣ ва ба ҷойи дарахтони хушкидаву канори ҷӯйборҳо ниҳолҳои нав мешинонанд.
Имсол назар ба солҳои гузашта ниҳолҳо ба теъдод зиёд шинонда шуданд.
Кормандон аввал майдонро аз сангҳо тоза карданд, ҷӯйборҳоро аз хасу хошок пок намуданд.
Дина аз сари субҳ мошини заминкоб барои ҳар ниҳол муносиб чуқуриҳо канд. Ва баъдан ниҳолҳо дар ҷойи худ шинонда шуданд ва тибқи қоидаҳои роиҷи агротехникӣ коркарди дарахтон сурат гирифт.
Ниҳолшинонӣ имрӯз ҳам идома дошт. Дарахтони нав боғи Китобхонаи миллиро зиннати нав бахшиданд. Қарор аст зарфи чанд рӯзи оянда бештар аз 200 дарахти гуногун шинонда шавад.
Расмҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз ҷараёни ҳамин маъракаи ниҳолшинонист.