Хонанда дархост дорад
Нашр шуд 2017-11-01 17:09
Дар толори рисолаҳои илмӣ дастрасӣ ба рисолаҳои илмии Русия осон шавад. Китобҳои электрониро мехоҳанд берун аз ҳудуди китобхона ҳам бихонанд.
Муҳтавои суҳбати ахири мо бо ду нафар аз хонандагони Китобхона ин буд, ки онҳо хостори боз ҳам хубтар шудани сатҳи хизматрасонӣ дар китобхонаанд. Аслан шиквае дар мавриди хизматрасонӣ нест, вале пешниҳод ҳаст, ки ба инобат гирифтани он ба манфиати ҳам хонанда ва ҳам китобхона аст.
Мавлуда Бобокалонова, донишҷўи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон:
Абдуқодир Ҷобиров, хонандагони фаъоли Китобхонаи Миллӣ, унвонҷӯ.
- Китобхона аз нигоҳи ман макони илму маърифат ва ганҷинаи дониш мебошад. Имрўзҳо хушбахтона, хонандагони китоб кам нестанд, вале мудати ин солҳои тӯлоние, ки аъзои Китобхона будам, мушоидаҳои зиёде кардам, ки бештари хонандагони Китобхона мутасифона, мавсимӣ буданд. Онҳо дар вақти санҷишу имтиҳонҳо зиёд меоянд, вале чун имтиҳонҳо ба анҷом расанд, алакай дида мешуданд. Аммо ҳоло вазъ дигар шудааст. Баъди имтиҳону санҷишҳо ҳам хонандагон бештар аз пештар аст ва ин далели он аст, ки ҷавонон ба омӯзиш бештар рӯ меоранд.
Мехоҳам бо истифода аз фурсат як дархост кунам. Бигзор он китобҳои электроние, ки дар дохили Китобхона аст ва онро мо дар толори хониши элетронӣ дастрас мекунем, берун аз Китобхона низ дар хидмати умум қарор дошта бошад. Чун одамоне, ки дур аз пойтахтанд, тавонанд аз он ситифода кунанд.
Ва дигар: Дар толори рисолаҳои илмӣ махсус сомонае бо номи “Китобхонаи миллии Руссия”мавҷуд буд, ки бе ягон душворӣ маводҳои лозимаи худро дастрас менамудем, вале мутасифона аз чӣ сабаб бошад, ки айни замон сомона баста шуда аст. Хоҳишмандем барои беҳтару осонтар гардондани кори мо олимони ҷавон сомонаи номбурдаро барқарор намоед.
ШАРҲИ ИДОРА: Эроди Абдуқодир Ҷобиров дар мавриди қатъи дастрасӣ ба рисолаҳои илмии Русия ва китобҳои электронӣ аз беруни китобхона ҷо доранд. Аммо ин мушкили муваққатӣ буда, дар кутоҳтарин фурсат хонандагон дубора метавонанд дар толори рисолаҳои илмӣ аз имконияти васеътари дастрасӣ ба рисолаҳои илмии Русия бархӯрдор шаванд.
Мушкили дастрасӣ ба китобҳои электронӣ аз берун низ қобили ҳалл аст. Ин сирф як мушкили техникӣ буда, дар оянда роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.