Китобу китобхона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Зарфи панҷ соли ҷанг ба китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе 646 ҳазру 302 нафар ташриф овардаву 291 ҳазору 54 китоб дархост кардаанд.
Дар ҳамин панҷ сол бахши Абонементи байни китобхонаҳо барои мутолиа дар хона ба ниёзмандон 67 ҳазору 377 китоб додааст.
Башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсўз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз рўи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги ҷаҳон ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфт. Теъдоди сафарбаршудагон зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамалакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Ба мардуми тоҷик низ ин ҷанги хонумонсўз таъсири сахт расонд.
Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани хоки кишвар ва халқҳои Аврупо аз фашистон иштирок намуда, паҳлў ба паҳлўи бо русҳо, украинҳо, белорусҳо, ўзбекҳо, қазоқҳо, гурҷиҳо, арманиҳо ва дигар халқҳои Шўравӣ бар зидди фашизм ҷангиданд ва аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд.
61 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои гуногун сарфароз шуданд.
Ҳамчуноне ишра кардем, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шўравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тўйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва нфари дигарро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Заҳматкашони Тоҷикистон дар баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сўм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтани танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сўм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сўм ҷамъоварӣ намуданд. Хотираи неки қаҳрамонии тоҷикистониён дар арафаи таҷлили 72-юмин солгарди иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қалби насли муосир абадӣ хоҳад монд.
Дар ҳоли ҳозир, бино ба маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва ақибгоҳ, имрӯз дар Тоҷикистон 448 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва 5 нафар иштирокдорони муҳосираи Ленинград дар қайди ҳаёт ҳастанд.
Сарфи назар аз айёми тираи ҷанг ва рўзгори нобасомони мамлакат ҳамзамон бо фидокориҳо дар ҷабҳаи ҷангу ақибгоҳ мардуми ба адабу илм решапайванд доштаи тоҷик аз омўзишу хониш намондааст, ки боиси ифтихор аст. Инро дар мисоли фаъолияти китобхонаҳои он замони ҷумҳурӣ равшан дидан мумкин аст. Танҳо овардани омори хизматрасонии Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кофист бинем, ки сокинони пойтахт ва навоҳии атрофи он ҳатто дар мудҳиштарин солҳо низ даст аз хондан ва мутолиа набардоштаанд.
Зарфи панҷ соли ҷанг ба ин китобхона 646 ҳазру 302 нафар ташриф овардаву 291 ҳазору 54 китоб дархост кардаанд.
Дар ҳамин панҷ сол бахши Абонементи байни китобхонаҳо барои мутолиа дар хона ба ниёзмандон 67 ҳазору 377 китоб додааст.
Омори хизматрасонии сол ба соли солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чунин аст:
Сол Омаду рафт Диҳиши китоб АБК
- 1941 161.661 265.284 9.489
- 1942 170.462 4311 18.572
- 1943 172.910 310.888 19.323
- 1944 141.269 291.057 19.993
Дар солҳои ҷанг хонандагон 18 ҳазору 877 маълумоти хаттию шифоҳии библиографӣ дарёфт кардаанд.
Дар бойгонии Китобхонаи миллӣ даҳҳо номгӯ китобҳо ва шояд ҳазорон мақолаву гузоришотро метавон пайдо кард, ки аз ҳаёти қаҳрамонони ҷанг қисса мекунанд, ривоятгари он рӯзу моҳу солҳои мудҳишанд. Ин ҷо чанде аз онҳоро меорем ва ин теъдодро метавон то ба беохир идома дод:
Раҳмон, Эмомалӣ. Иди пирўзии сулҳ бар ҷанг [Матн]: Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи 60- умин солгарди Ғалаба бар фашизм, 7 майи соли 2005 // Ҷумҳурият. – 2005. – 12 май.
- Дар бораи сарфароз намудан бо медали ҷашни «60- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» [Матн]: Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон // Ҷумҳурият. – 2005. – 7 май.
- Бобоҷон, Алӣ. Ҳодӣ Кенҷаев [Матн]: Очерк. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 48 с.
- Бобоҷон, Алӣ. Ҳодӣ Кенҷаев [Матн]. – Душанбе: Ирфон,1970.–24 с.
- Сидқӣ, А. Раҳимбоӣ Раҳматов [Матн]: Очерк. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 90 с.
- Узоқов, М. Эргаш Шарипов [Матн]. – Душанбе: Ирфон,1972. – 42 с.
- Раҳмонов, М. Ҳама ба фронт, ҳама барои ғалаба! [Матн].– Душанбе: Ирфон, 1973.- 112 с.
- Сафаров, Р. Сафар Амиршоев [Матн].–Душанбе: Ирфон,1973.- 122 с.
- Бобоҷон, Алӣ. Нахустқаҳрамонони тоҷик [Матн]: Дар бораи Неъмат Қарабоев. – Душанбе: Маориф,1975. – 62 с.
- Ҳеҷ гоҳ фаромўш намешавад [Матн]: Маҷмўа. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 144 с.
- Фидокорон [Матн]: Очерку ҳикояҳо ва ёддоштҳо дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ /Тарт. Т.Усмонов. – Душанбе: Ирфон,1982. – 160 с.
- Файзиев, Ҳ. Дар ҷанг ва баъди ҷанг [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 400 с.
- Бозорбоева, М., Бобохонов, М. Сарбозони шуҷоъ [Матн]. – Душанбе: Ирфон,1985. – 128 с.
- Сафаров,Р. Қаҳрамони Вахш ва Днепр [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 192 с.
- Сафаров, Р. Сарбаландон [Матн]: Маҷмўа.– Душанбе: Ирфон, 1985.– 52 с.
- Шарифов, Х. Онҳо партизан буданд [Матн]: Дар бораи ҷанговарони тоҷик. – Душанбе: Ирфон,1985. – 96 с.
- Исҳоқов, Б. Далерон [Матн]. – Душанбе: Ирфон,1991. – 212 с.
- Муродов, М. Садоқат ба Ватан [Матн]. – Душанбе: Ирфон,1991.– 44 с.
- Абдуллоев, Р. Меҳнаткашони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 1994. – 96 с.
- Сафаров, Р. Ҳазору як корнома [Матн] /Иборат аз 3 ҷилд. – Душанбе: Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе,1995.
- 1995. – Ҷ.1. – 568 с.
- 1998. – Ҷ.2. – 495 с.
- 2005. – Ҷ.3. – 447 с.
- Файзиев, Ҳ. Мардони майдон [Матн]. – Душанбе, 1995. – 126 с.
- Шарифов, Х. Мардони палангошўб [Матн]: Дар бораи тоҷикону тоҷикистониён дар ҷанги партизанӣ солҳои 1941-1945. – Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 2004. – 448 с.
- Исмоилов, И. Шуҷоат ва Зафар ба рўзи Ғалаба [Матн]. – Душанбе: Эҷод, 2005. – 72 с.
- Раҳимов, С. А. Дар ҷустуҷўи қаҳрамонҳо [Матн]. – Душанбе: Эҷод, 2009. – 128 с.
- Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) [Матн]: Рисолаи библиографӣ / Ф. Қараев, Ф. Аминов. – Душанбе, 2015.
- Китобхонаи ба номи А.Фирдавсӣ 50-сола [Матн]: Маҷмўаи мақолаҳо. –Душанбе: Ирфон, 1983. – 160 с.
Маҳмадшариф Каримов
Юлчибой Мусоев
Кормандони Маркази такмили ихтисос