Садои равшани субҳ

“Нашриёти Бухоро” бо ташаббуси Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон китоберо таҳти унвони “Садои равшани субҳ” аз чоп баровард.
“Садои равшани субҳ” гузидае аз сурудаҳои шоирони форсизабони муосири Эрон мебошад, ки гирдоварӣ ва таҳияи ин асари гаронқадрро Маркази густариши забони форсӣ бар уҳда дошта, аз ҷониби корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ аз хатти форсӣ ба срилик баргардон шудааст.  
Китоби мазкур аз 118 сафҳа иборат буда, дар бораи ҳаёт ва осори 55 шоири мусири Эрон  маълумот медиҳад. Ҳамзамон, намунае аз ашъори  ҳар як шоир оварда шудааст.
 “Садои равшани субҳ” барои боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳои адабии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон  мусоидат менамояд.  Умед аст, ки мутолиаи китоби мазкур писанди аҳли илм ва адаб мегардад.