Зокир Собиров: Рассомони мо вақти эҷоди асар надоранд

Ҳафтаи гузашта хабари соҳиби медали “Уқоби тиллоӣ” шудани асари рассоми шинохтаи тоҷик  Зокир Собиров -“Бародари ман” дар Намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои зебои шаҳри Ню-Йорки ИМА расонаӣ шуда буд.  
Намоишгоҳро созмони “Реализми Ню-Йорк”, ки дар шаҳри Ню-Йорк мустақар аст,  ташкил кардааст.  “Реализми Ню-Йорк” як созмонест, ки ҳадафи он ҳимояи ҳунармандони хуби маҳаллӣ ва байналмилалист. Ин ҳимояҳо метавонанд шаклҳои мухталиф дошта бошанд. Ва яке аз ин шаклҳо роҳандозии  намоишҳои асарҳои хуб ҷиҳати муаррифӣ ба оламиён аст.  
Зокир Собиров 64-сол дошта,  аз ҷумлаи чеҳраҳои матраҳ дар олами рассомии кишвар аст Бо асарҳои худ борҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат кардаву шоистаи арзёбиҳои хуб аз ҷониби мунаққидон ва мутасаддиёни озмун шудааст. Ҳамчунин асарҳояш гӯшаҳоеро дар бузургтарин намоишгоҳҳои байналмилалӣ оро додаанд. Аз ҷумла, дар намоишгоҳи “Манеж”-и Маскав, Осорхонаи театрии ба номи В.Бахрушина, дар намоишгоҳҳои кишварҳое чун Белорус, Алҷазоир, Испания, Италия, Ҳинд ва чанд кишвраи дигар асарҳои гуногуни рассом гузошта шудаанд.
Зокир Собиров асосгузори равияи Параллелизм аст, ки то имрӯз пайравони хеле кам дар олам дорад.  

 
-  Чӣ шуд, ки шумо маҳз касби рассомиро пеша намудед?
-   Ростӣ, ин як чизи тасодуфиву табиӣ буд. Баъди хатми мактаби миёна тасмим гирифтам, ки таҳсиламро дар коллеҷи рассомӣ идома диҳам. Касби авлодӣ ҳам набуд, чун касе  аз гузаштагони мо рассомӣ накардаанд. Баъд аз омўзшгоҳи рассомӣ ва институти киномотаграфияи шаҳри Ленинград, ки онро соли 1976 хатм намудам, аллакай дар саҳнаҳои театр пайи корҳои эҷодӣ шудам.  Аз ҳамон давра то инҷониб рассомӣ мекунам.
-  Ҳисоб кардаед, ки чанд асари рассомӣ то имрӯз офаридаед?
-  Ман онҳоро нашумурдаам. Лекин медонам, ки аз сад зиёд аст. Дар назар дорам, он асарҳоеро, ки дар равияи паралеллизм ва материализм эҷод намудаам. Асарҳои қабл аз инро дар ин теъдод дохил намекунам.
- Ин чӣ равия аст?
- Параллелизм -равияи ҷадиде мебошад, ки аз фазо ва нур иборат аст. Он ба маънои доштани хатҳои параллелӣ нест, балки ба  маънои аз фазо ва нурҳо иборат будан аст. Дунёи мо, ману Шумо ҳама аз фазо иборат аст. Ин нуқтаи назари ман ва нуқтаи назари нав дар фалсафаи ҷаҳонист. Ғайр аз ин, ман дар санъати тасвирӣ қолабшиканӣ кардам. Саҳнаҳои қафоро дар пеш ва пешро баръакс дар қафо тасвир кардам. Ҳарчанд қолабҳо шикаста шуданд, вале муҳит ва моҳияти он нигоҳ дошта шуд. Аз ин маълум мешавад, ки дар фазо ҳама чиз мувофиқ шуданаш мумкин аст. То ба ҳол касе на дар Тоҷикистон, на дар Осиёи Миёна ва ҳатто на дар ҷаҳон  ин равияро намедонад. Ин ҷараёнро ман ба тоҷикӣ «нурворизм»  ном ниҳодам. Дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ягон муаллиф дар танҳоӣ равияеро пешниҳод накардааст. Маъмулан чанд муаллиф якҷоя як равияро месозанд.
- Эҷоди асари рассомӣ кори осоне нест. Як асар чӣ қадар вақти шуморо мегирад?
- Рост гуфтед. Шахсан худам барои офариниши як асар аз се –чор  то ду сол ҳам кор мекунам. Асарҳое ҳастанд, ки вақти аз ин бештар мехоҳанд.   
- Шогирдонатон киҳоянд?
- Мутаассифона, наметавонам гӯям, ки фалонӣ шогирди ман аст. Буданд касоне, ки баъзе чизҳоро омӯхтанд, вале ба маънои пурра касеро, ки аз равияи ман пайравӣ карда бошаду онро омӯхта сари офариниши ин гуна асарҳо кор карда бошад, ном бурда наметавонам. Аммо ҳоло як нафаре ҳаст, ки дар назди ман ин ду равия -паралеллизм ва материализмро  кам-кам меомўзад. Вале вай то куҷо муваффақ мешавад, гуфтан душвор.
- Асаратон чӣ гуна ба озмуни байналмилалии Ню-Йорки ИМА роҳ ёфт?
-  Созмондиҳандагони ин намоишгоҳ худашон бо ман тавассути интернет тамос гирифтанд ва дархост карданд, ки барои иштирок чанд асари худро фиристам. Ман чор мусаввараи худро, ки  дар равияи параллелизм эҷод намуда будам, фиристодам. Аз ин миён ба расми “Бародари ман” ҷоиза доданд. Ман ин расмро дар муддати чор моҳ ба анҷом расонида будам.
- Агар нафаре пайдо шаваду ин асари ғолибро хариданӣ шавад, мефурӯшед?
- Агар нафаре пайдо шаваду ин мусаввараро харидорӣ кардан хоҳад, чаро не? Лекин бояд гўям, ки ин расм қиммат меистад.
- Агар махфӣ набошад чӣ қадар?
- Камаш 15-20 ҳазор доллар. Лекин ман медонам, ки касе онро дар кишвари мо ҳатто бо арзиши 1000 доллар ҳам намехарад. Чунки дар мо чунин харидор ҳам нест. Дар мо калўшу курта мегиранду ин чизҳоро намехаранд. Ба қадри асари рассомӣ дар кишвари мо кам касон мерасанд
- Зимнан, вазъи имрўзаи рассомӣ ва рассомон дар кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Хеле дар сатҳи паст. Агар гўям, ки онҳо қариб, ки кори эҷодӣ намекунанд, иштибоҳ намекунам. Имрўз рассомони мо фақат дар фикри зиндагианд, то ки эҷод. Яъне, онҳо коре мекунанд, ки рўзашон гузарад. Барои эҷод кардан шиками сер даркор.
  - Имрӯз саргарми кадом коред?
-  Портрети шоири хубамон Гулназар Келдиро мекашам. Шояд  баъди як моҳ ба итмом расонам.
- Чаро маҳз Гулназар Келдиро интихоб намудед?
- Чунки ин шахсият зиндагии маро куллан дигар намуд. Маҳз ў сабаб гардид, ки ман рассомиро ба диди нав ва бо нигоҳи тоза бубинам. Баъд аз мутолиа намудани китоби ӯ бо номи «Лоиқе чун лоиқе» дар сари ман ғояи нав, яъне эҷод намудани равияи нав дар маҳорати рассомӣ бо номи параллелизм ва материализм пайдо гардид. Ин асари ў ба ман як такони тозае дод. Агар Гулназар ин китобашро наменавишту онро намехондам, ман имрўз як рассоми қаторӣ будам. Метавон гуфт, ки ман навовар намешудам. Барои ҳамин мехоҳам, ки ин шахсият дар таърих монад.

Бозчоп аз ҳафтаномаи "Нигоҳ", №15 (448), чоршанбе, 8-уми июли соли 2015