Чилу се соли фаъолияти пурсамар
Нашр шуд 2017-04-21 15:09
Имрӯз, 21-уми апрел Шукурова Гулсара Эргашевна, ҳамкори собиқи мо, яке аз хидматкардагон дар китобдории кишвар зодрӯз доранд.
Гулсара Шукурова 21 – уми апрели соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) ғоибона соли 1976 ба охир расондааст.
Аз соли 1971 то 2014 корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд, дар вазифаҳои китобдор, методист, сарметодист, китобдори калон, мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва муовини сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ кор кардааст.
Муаллифу мураттиби дастурҳои методию нишондиҳандаҳо аз қабили «Юсуф Акобиров – донишвари мумтози наср», «Ҷалол Икромӣ – нависандаи маҳбуби мо», «Сарояндаи фатҳу зафар» (Раҳим Ҷалил), «Хуршеди назми муосири тоҷик» (Лоиқ Шералӣ), «Боқӣ Раҳимзода – шоири маҳбуби мо», «Мирзо Турсунзода сарояндаи сулҳ ва дўстӣ», «Фарзанди бузурги халқи тоҷик» (дар бораи Бобоҷон Ғафуров) «Мутафаккири барҷастаи тоҷик» (Муҳаммад Осимӣ) мебошад.
Як силсила маслиҳату тавсияҳои методӣ, ба монанди «Саҳми китобдорон дар мубориза зидди нашъамандӣ», «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст», «Истиқлолият-дастоварди бузурги миллат аст», «Тарғиби адабиёти техникӣ», «Тоҷикистон-соҳибистиқлол» ва ғайраро низ нашр намудааст.
Бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадр шудааст.
Намунаи осор
Адабиёт дар бораи Гусара Шукурова