Аз фарҳангистони даврони Сосониён - «Гунди Шопур» ёд овардан кифоя аст, ки китобхонаи бузургаш аз 250 ҳуҷра ибрат буд, ҳазорҳо китоб ба паҳлавию юнонӣ ва ғайра он ҷо ҳифз мешуданд. Хоса замони Сомониёни волотабор аксари шаҳрҳои қаламравашон китобхонаҳо доштанд, дар Бухоро бузургтарин ва ғанитарин китобхонаи давр - «Сивон-ул-ҳикмат» бунёд ёфт, ки замина ба илми китобдорию китобшиносии миллиамон гузошт. Маҳз ҳамин аҳди дурахшони Сомониён буд, ки забони ноби тоҷикӣ - форсӣ
Имрӯз итернет ҷавонони моро танбал ва бе ҳавсала намудааст. Чуноне, ки мушоҳида мекунем, ки агар барои донишҷӯи мо аз ҷониби муаллим супорише ба монанди навиштани реферат дар ягон мавзўъ дода шавад, он ҳатман ба назди интернет нишаста, номи мазўъро дар он ҷо менависад ва дар як лаҳзаи кўтоҳ онро оварда ба муаллим медиҳад. Мусибат он аст, ки муаллим низ онро қабул дорад.
Имрўзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мўди, хориҷии барои мо носозгор рафта, либосҳоеро ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс, ҳусни зебои онҳоро мекоҳонад, ҳусни зебои модарзодиашонро доғдор месозад.
Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Ҷойи хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ,
Мардуми тоҷик, ки тақрибан 1000 сол пеш давлати миллии худро аз даст дода буданд. Баъди эълон гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол (1991), миёни гурўҳҳои нохудогоҳу қудратталаб мухолифат ба вуҷуд омад. Ва ин нофаҳмӣ оҳиста-оҳиста мардуми тоҷикро ба майдонҳо кашонд, то ҷойе ки падар бо писар ва бародар бо бародар муқобили ҳам истоданд. Кор то ҷойе расид, ки дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Дар ин ҷанги бародаркуш ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода, ҳазорони дигар маҷруҳу бесарпаноҳ гашта, ба иқтисоди кишвар миллионҳо сомонӣ хисорот ворид гашт ва мамлакатро даҳҳо сол боз ба ақиб партофт Бояд тазаккур дод, ки халқи тоҷик дар тули таърих бо азми қавӣ, иродаи маҳкам, ақли расо ва фарҳанги воло маълуму машҳур
Мо-ҷавонони замони Истиқлолияти кишварамон Тоҷикистони азизи ҳамешапойдор ҳамвора бояд шукргузор аз фазои орому осоиши Ватан, аз ваҳдату якпорагии меҳан, ки рўз аз рўз ба таври шигифтангез дигаргун шуда, ободтару зеботар мегардад, бошем.
Мо ҷавонон пеш аз ҳама бояд ҳисси ифтихори баланд аз Тоҷикистон, аз ҳар сангу кўҳи он, аз мардумони шукргузораш дошта бошем. Меҳри ин Ватани ободу озод дар қалбҳои мост:
Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Аз ин рў, онҳо дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, мувофиқи он дар ҷомеъа амал мекунанд. Ин аст, ки бояд ҷавонон дар рўҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия ёбанд. Имрўз масъалаи тарбияи ҷавонон дар мадди назари ҳукумати кишвар қарор дорад. Агар шахсони синнашон аз 15 то 35- ро ин ҷо ба назар гирем,