Миллати тоҷикро бе китобу китобхона тасаввур кардан нашояд, зеро ки аз қадимулайём сарвати асосии зеҳнии мо китоб буду ҳаст. Дар ин замони мушавваши сиёсию иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомеро рўи даст гирифт, ки он ҳам бошад бунёди китобхонаи азиме, ки дар Осиёи Марказӣ бо чунин ҷалолу шаҳомат ҳамто надорад. Новобаста аз мушкили молиявии давлат ва
Бесомониҳое, ки баъди пош хўрдани собиқ Иттиҳоди Шўравӣ арзи вуҷуд кард, вазъи бисёр давлатҳоро мураккаб сохт. Аз ҷумла Тоҷикистон низ дар ин гардиши сиёсӣ ба вартаи ҳалокат рў ба рў гардид.
Соли 1992 низоъҳои сиёсӣ Ватани азизу маҳбуби моро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Мардуми бесарусомон хонадони худро гузошта, ҳар тараф пош хўрданд. Тарсу ваҳм ва даҳшат ҳамаро саросар фаро гирифта, дигар умед...