чаорабиниҳои фарҳангӣ

«Адиб» дар Китобхонаи миллӣ куллиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро муаррифӣ кард

   Қабл аз зӯҳри имрӯз нашриёти “Адиб” дар Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон Куллиёти тозанашри Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртиро муаррифӣ кард. Рӯнамоӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, муаррихон, рӯзноманигорон ва хонандагон баргузор шуд. Директори нашриёти “Адиб” Давлат Сафар дар сухани ифтитоҳии худ гуфт, ки куллиёти ин адиби барҷаста дар шакли нисбатан комил бо дастгирии Пешвои миллат бори аввал дар Тоҷикистон нашр мешавад.

Рӯзе дар Ромит

 Рӯзи шанбеи гузашта як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллӣ аз ҳисоби Иттифоқи касабаи Китобхона барои истироҳат  ба дараи Ромит рафтанд. Тобистон, ки ҳавои шаҳр дар дами гармои шадид мепечад, рафтан ба дараҳову соҳили рӯдхонаҳо ҳаловати дигар дорад.

 Ромит аз дараҳои афсонавии кишвар аст, ки бахусус рӯзҳои истироҳати тобистонӣ ҳазорон сокинони пойтахтро, ки аксари онҳо кормандони ин ё корхонаву