Фалак (ар. - осмон), гардун, арш, модари ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт, авҷу баландии чизе, падидаи сершохаи мусиқии суннатии касбӣ ва фолклории тоҷикони кўҳистон, жанри мусиқии овозӣ ва созӣ аст. Фалак мутобиқи шакли худ якқисмӣ ва силсилавист. Фалак ананаи форумҳои пешинаро, ки ба ин падидаи зебои мусиқии кўҳистони тоҷик бахшида шуда буданд, идома медиҳанд. Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши ин суруди мардумиро ба қарнҳои IX-X мансуб
Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши охир
Таи садсолаҳо побарҷо мондани суннатҳои замзамахонӣ албатта аз он шаҳодат медиҳад,ки дар тўли даргузашти вақоеъи пурталотуми замон – ивазшавии сиёсатҳову давлатдориҳо,мазҳабҳову ҷаҳонбиниҳо,дар баробари таъсири ҳамаи ин тағйиротҳо, сунатҳои мусиқии мардуми тоҷик қудрати хеле волои бадеӣ-эстетикии хешро аз даст надодаанд.
Муаррихи маъруф Масъудӣ дар «Муруҷ-аз-заҳаб» доир ба ҳамин масъала чунин меорад : «авом китоби Зардуштро «замзама»меноманд ва дар байни шуаро ҳам мурғони хушовоз ба «зандхон» ё «зандбоф» маъруф буданд».
Дар оини зардуштӣ нақши шунавандаи ғайрифаолро (яъне нафаре, ки танҳо ба гӯш андохтани Замзама фарогир аст) зери танқид қарор медоданд, яъне тибқи дастури мӯбадон, мебоист, ки ҳамаи пайравони ин мазҳаб худашон низ бо овози баланд готҳоро сароянд. Дар аксари кулли маъхазҳо ин расмро «замзамахонӣ номидаанд, аммо бояд зикр намуд, ки Замзама ё замзамахонӣ– ин расми бо лабони пӯшида бо овози «ҳм..»(садо дар ин ҳолат танҳо аз димоғ хориҷ мешавад)
Тамаддунҳо садо доранд ва ин садои онҳо аз қаъри асрҳо то ба замони мо таввассути оҳангу таронаҳои асил, навҳаву сӯгвориҳо, қиссаву достонҳо омада расидаанд. Нолаи умедворонаи модари тоҷик дар сари гавҳора, захмаи устоди танбӯрӣ, нохунзаниҳои пурпечутоби думбранавози кӯҳистонӣ, навои ҳазини найи чӯпонӣ,наъраҳои карнай ва ғул ғулаи нағораҳои базмӣ,суруди «Ёр – ёр»-и тӯйҳои арӯсӣ, фарёди шабоҳанги марди хирмандкӯб, нидои баландовози фалакхониҳо,тамкину сабурии авҷҳои «Шашмақом» ин ҳама садои тамаддуни мост, ки дар ҳар гардишу фуроварди онҳо садҳо варақ ахбори ниҳонии таърих сабт гардидаанд. Ин навоҳо ба мо аз гузашта қисса мекунанд, аз саргузашти дурру дароз.
Аз даргузашти ин ситораи рахшони санъати тоҷик 25 сол мегузарад. 10-октябри соли 1995 Лутфӣ Зоҳидова бар асари як борӣ тарки олам кард. Ёдаш ҷовидонӣ монд, ҳунараш аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд. Инсони шарифе буд, ки миёни ҳамкасбон обру дошт. Даҳҳо шогирдаш имрӯз ҳам ҳунари устоди шодравонашонро идова медиҳанд. Дар остонаи солгарди даргузашташ аз ӯ ёд мекунем.
Тақдир ба ў дасти ёрӣ дод, ки миёни духтарони тоҷик нахустин раққосаи балет шавад. Падари деҳқонаш Зоҳиди Сангин гумон надошт, ки духтари ягонааш ба камол расида, бо ҳунари худ саҳнаҳоро ороста, яке аз асосгузорони хореографияи тоҷик мешавад. Номи балеринаи шўхратманд, устоди забардасти рақс Лутфӣ Зоҳидова
Ҳангоми тамошо хушдоманам Маратро дар нақши дуюм нашинохта, иброз карданд, «ин босмачиҳо дар ҳақиқат душманони хунхори миллат буданд. Дидед, намояндааш чӣ гуна андоми хасмона дорад? Аз куҷо ёфтед ин афти хунукро?” Ҳама хандиданд ва Марат хам шуда ба гўши модараш офарандаро муаррифӣ мекунад.Тўҳфа – хонум «Эй вой, аз дасти босмачиҳо писари худама нашинохтаме» -