Ин китоб ба тозагӣ нашр шуда ва ба 30 солагии ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. Қудратулло Яҳёзода бидуни шак яке аз маъруфтарин чеҳраҳои санъати тоҷик аст, ки тӯли бештар аз 60 сол дар офариниши беҳтарин асарҳои мусиқӣ гом мебардорад ва яке аз муваффақтарин бастакорони кишвар маҳсуб мешавад. Манзура Ҳасанова, номзади илмҳои таърих, аъзои Иттифоқи коммпозиторони тоҷик дар сарсухани ин китоби тозаэҷоду тозанашр, менависад:
Арбоби ҳунари Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рўдакӣ композитор Қудратулло Яҳёзода яке аз пурмаҳсултарин муаллифони давраи муосир
Ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ 60 номгўйи пиесаҳо, ки дар маҷмўъ 101 нусхаро ташкил медиҳанд, ворид шуд. Ин пиесаҳо бо кумаки Раёсати санъати Вазорати фарҳанг ворид шуданд. Акнун хонандагони шуъба имкон доранд он чи пештар дархост мекарданд, вале пайдо набуд, мутолиа кунанд.
Хонандагон имкон доранд бо пиесаҳои мазҳакаи дупардагии «Муаллими рақс» - и Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин, драмаи дупардагии Шодӣ Солеҳ «Қумрӣ шишту Шоҳин парид», драмаи дупардагии Иброҳим Усмонов «Даҳ рўзи генерал Шерак», мазҳакаи дупардагии Абдувадут Файзиев «Фарёди
Эҳтимол дигар касе мисли ў суруди ватандўстонаи «Республикаи ман»-ро бо чунин маҳорати баланд насарояд. Ўро устоди «Шашмақом» бо сабки белкантои итолиёвӣ меноманд. Сабки нотакрори сарояндаи нотакрор. Артисти Халқии СССР Аҳмад Бобоқулов, ки рӯзи 17 январ 90-сола шуд, дар ҳақиқат аз зумраи касоне буд, ки ҳар чизе сароид, дар зоти худ нотакрор буд. Ӯ на танҳо як сарояндаи мумтоз, балки муаллиму устоди
Аз таърихи мусиқии халқи тоҷик саҳифаҳои дурахшонеро номбар намудан мумкин аст, ки дар лавҳи онҳо садои дили мардуми ин ё он ҳавзаи фарҳангӣ, ё худ ин ё он давру замон бо оҳангу таронаҳои дилнишин ва нолаҳои пур аз меҳру муҳаббат ба зиндагӣ, ғуссаҳои ошиқона, умедвориҳои ҷавонони ноком, орзуҳои азалии некбахтӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳавзаҳои фарҳангӣ-мусиқии Дарвозу Кангурт, Ҳисору Рашт, Зарафшону Фарғона ва дигар манотиқи кишварамон қалб аз ҳама бо хислатҳои мулаввани суруду таронаҳояшон фарқ мекунанд.
Албатта, бояд комилан эътироф намуд, ки мусиқиро дар тӯли ҳазорсолаҳо маҳз халқ меофарад ва кули навоҳои Шашмақому
Дар китоби дарсии «Мактаби омӯзишии най» муаллиф бори нахуст кушиш кардааст,ки дар илми мусиқишиносии тоҷик вижагиҳои омӯзиши сози найро бодарназардошти хусусиятҳои хоси таълиму тарбия дар мактабҳои мусиқии бачагона, мактабҳои миёнаи махсус ва олии мусиқӣ роҳандозӣ намоянд.
Омӯзгор бо истифода аз ин китоб бояд дар дили шогирд нисбат ба таълими сози най муҳаббати бепоёнро бедор сохта, роҳи дурусти омӯзиши онро талқин намоянд.
Китоби мазкур аз муқаддима, 3 қисм: маълумоти мухтасар
Имрӯз милоди босаодати яке аз шаҳсутунҳои санъати тоҷик аст. Шахсе, ки тӯли солиёни дароз бо сурудаш пайғомрасони тоҷикони олам буду ҳаст. Пулест миёни гузашта ва имрӯз, устодест забардаст. Аз ҳалқаи он таронасароёни маҳбуб Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёз, Барно Исҳоқова, Акашариф Ҷӯраев ва даҳҳои дигар, ки имрӯз ҷисман бо мо нестанд. Вале ҳамоно сурудашон,