адабиёт доир ба фарҳанг

Ба таъсиси театри Опера ва балети Тоҷикистон 80 сол пур шуд

​Театри давлатии Академии Опера ва балети тоҷик ба номи Садриддин Айнӣ калонтарин театри мусиқии Тоҷикистон соли 1940 дар заминаи Театри мусиқии тоҷик таъсис ёфтааст. Ҳайати онро ҳофизон Т. Фозилова, А. Муллоқандов, Ҳ. Аҳмадов Б. Тўраев, А. Бобоева, Р. Ғолибова, М. Зиёев, раққос ва раққосаҳо: А. Азимова Ғ. Валаматзода, О. Исомова, М. Қобилов, А. Исҳоқова, У. Рабимов ва дигарон ташкил медоданд. Соли 1941 театр дар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва иштирок намуда, нахустин

Саъид Нафисӣ. Сарзамини поки ниёгонам

Дирӯз китобе дар идораи «Шафақи сурх» дидам, ки ҳамон хурсандиро ба ман бахшид ва беихтиёр маро муҳаррик шуд, ки ин чанд сатрро бинигорам. Ин китоб маҷмӯаест дар 626 саҳифа ба исми «Намунаи адабиёти тоҷик», дар Самарқанд таълиф шуда ва дар соли 1926 дар Маскав ба табъ расидааст. Гирдовардаи ин китоб алломаи муосир Садриддин Айнӣ аз аҳрори ин диёр ва аз удобаи  номии диёри хеш ва аз зумраи мафохири забони мо дар Туркистон аст. Ин китоб шарҳи аҳвол ва мунтахаби гуфтори

95 соли Маҳмуд Тоҳирӣ, ҳунарманде, ки даҳҳо нақши хотирмонро дар синамову театр офаридааст. Ҳоло куҷост ӯ?

Маҳмуд Тоҳирӣ, ки як ҳунарманди ҳирфаӣ ва офарандаи даҳҳо симои хотирмон дар театр ва синамои кишвар буд, шояд барои тоҷикистониён бештар  чун барандаи барномаи хеле ҷолиби “Бағараз панд”-и шабакаи ягонаи телевизиони Тоҷикистони Шӯравӣ ошно бошад. Ин барнома ҳар ҳафта пахш  мешуд ва ровии хушсаводи он Маҳмуд Тоҳирӣ бо симои зебову нуронӣ пандномаҳои бузургонро қироат мекард ва саҳнаҳоеро муаррифӣ менамуд. Ҳоло куҷо рафт? Аввали солҳои 90-и асри гузашта аз Душанбе ба Олмон рафт ва дар ҳамон ҷо аз олам гузашт. Ӯ ба Тоҷикистон аз тариқи Озарбойҷон   аз  Эрон омада буд ва боз аз ин ҷо ба Аврупо рафту ҷон ба Ҳақ таслим кард. Агар зинда мебуд, 21-уми

Сухан аз Ҷулиетаи тоҷик София Тўйбоева

​Бо номи ў нахустин қадамҳои театри тоҷик  вобастаанд.  Вай дар ҳама ҷо аввалин аст. Тўйбоева якумин ҳунарвари  пешқадами  касбии драмавии тоҷик , нахустин иҷрокунандаи нақшҳои лирикию драмавӣ дар асарҳои саҳнавии миллӣ ва классикаи ҷаҳон, аввалин  ҳунарпешаи кинои тоҷик, аввалин Артисткаи хизматнишондодаи Тоҷикистон , аввалин суханвари радиотеатри тоҷик, аввалин раиси Ҷамъияти театрии ҷумҳурӣ  мебошад. София Тўйбоева то ба Тоҷикистон омадан дар маҳфилҳои

Ҳамоиши « Саразм ёдгори бостонӣ» дар Китобхонаи миллӣ

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни 5500 - солагии Саразми бостонӣ ҳамоиш таҳти унвони «Саразм ёдгори бостонӣ»  баргузор гардид. Дар нишаст кормандони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар 

Рӯзи кинои тоҷик муборак бод!

“Кино чун рукни фарҳанги ҷамъият муҳимтарин воситаи таблиғу оммавӣ намудану густариш додани идеологияи давлатӣ ва миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ягон  навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола 16 октябр ҳамчун рўзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Кинои тоҷик фаъолияти худро 11 октябри

Страницы