Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандори, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Ин ваҳдати ҷомеае, ки имрўз мо дар он зиндагии осуда ба сар мебарем, натиҷаи заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар асоси принсипҳои сиёсии муосир ва тасмимгириҳои дастгоҳи сиёсии кишвар ба даст омадааст.
Андешаҳо перомуни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз
Ҳамчун як иштирокчии Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз ва мулоқот бо зиёиён, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 20 марти соли 2016, дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор гардид баъзе андешаҳои худро...
Аз якуми ноябри соли 2012 бо максади фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Фаъолияти он баҳри иҷрои хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотӣ-библиографии хонандагон, ташкили феҳристи электронӣ, махзани манобеъи электронӣ ва таҳияи асарҳои библиографӣ равона карда шудааст.