Рӯзат муборак, эй фариштаи замин

Обрўи аҳли дин аз хоки пои модар аст

Ҳар чӣ дорад ин ҷамоат аз дуои модар аст

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони                                                                      карим

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои Модар аст

       Дар сарзамини зебоманзараи мо баробари омадани фасли зебои сол баҳори нозанин идҳои зеботарини мо шуруъ мегардад. Нахустин ҷашни он иди  офарандаи ҳаёт аст. Ба мисле, ки баҳор бидуни лабханди духтарону занон ҳиҷ таъсире ба муҳит надошта аст. Баҳор бо табасуми модарон оғоз меёбад ва нурҳои хуршеди олам гарми худро аз меҳри модар мегирад.

      Зан –модар офарандаи ҳаёт буда, аз ҳама азизтарин шахс дар олами ҳастии мо мебошад. Модар фариштаи рўӣ замин, сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонадон аст. Агар офтоб дунёро файзу накҳат бахшад, пас модар бо меҳри беандозаи худ ва раҳму шавқаташ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл тарбияткунанда ва ба камолрасонидаи фарзандон мебошад.

Оре модар давлати фарзандон аст, аммо мутасифона, мо на ҳама вақт ба қадри ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Модар ба ҳар ситоше ва эҳтироме сазовор аст. Эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ў қарзи ҳар як шахси бо нангу номус мебошад.

   Хушбахтона, соҳибистиқлолии Ватани азизамон дари бисёр ихтисосу касбҳоро ба рўи занони тоҷик кушод. Имрўзҳо занони тоҷик дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ, созандагӣ ободонии кишвар дар бари мардон истода кору фаъолият мекунанд. Занон дар тарбия ва  ба камол расонидани фарзандон, ба танзим дар оилаву дар анъанаҳон ва ҷашну маросимҳо, беҳдошту саломатӣ, баҳри афзун гардондани иқтидори истеҳсолӣ ва ободониву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.

                              Ҷаҳонсозу ҷаҳонорои, эй зан,

                              Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.

                              На танҳо қалъаи дилҳои, эй зан,

                             Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

   Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми модарон, занон ва бонувони ҷумҳуриро бо иди модарону бонувон муборакбод намуда, барояшон тансиҳатӣ хонаободӣ, бурдборию некроиро тамано мекунам. Ҳамеша сарбаланд бошед! 

Сайрон Сафарова,

 мутахассиси Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ.

Барчаспҳо: