Ҳашари барфрӯбӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2016-11-26 12:42
Барфи лак-лакии ду рӯзи пеш ва бахусус рӯзи гузашта Душанбеи зеборо комил пӯшид. Китобхонаи миллӣ низ субҳи рӯзи шанберо бо роҳҳои пурбарфу ҷодаҳои барфпӯш истиқбол кард.
Аз сари субҳ ҳамаи кормандони Китобхона бо шумули роҳбарони он дар даст белу ҷорӯб ба барфрӯбӣ шуруъ карданд ва то замоне, ки аввалин хонанда ба ин боргоҳи маърифат қадам ранҷа кунад, ҷодаҳоро пура тоза карданд, атрофи китобхонаро омода ба вуруди хонанда намуданд.
Ин чанд аксе, ки ҳамкорамон Хусрави Милод бардоштааст, лаҳзаҳои ҳашари барфрӯбӣ дар Китобхонаи миллӣ мебошанд.