Ҳабиб Юсуфӣ аз тавонотарин шоирони давраи Шӯравии тоҷик буд. Ҳафтоду як сол пеш, рӯзи 22 феврал, дар зимистони сарди соли 1945 дар хати пеши ҷанг аз тири фашистон ба ҳалокат расид.
Вай зодаи Самарқанди бостонӣ буд. Ихтиёрӣ ба ҷанг рафт. Дар он солҳои мудҳиш самимонатарин таронаҳои меҳанпарастии худро навишт. Шеъри Ҳабиби ҷанговар руҳбахши ҷабҳаву ақибгоҳ буд.
Тавсияи методии “Ҳабиб Юсуфӣ – таронасарои Ватан” барои китобдорон таҳия шудааст ва ҳадаф раҳнамоии кормандони китобхонаҳо барои баргузории дасрҳои омӯзишӣ ба истиқболи садумин солгарди адиби бузур аст.
Дарёфти китоб: ҲАБИБ ЮСУФӢ - ТАРОНАСАРОИ ВАТАН