Дар соли 2015 -ум 182486 нусха адабиёт ба маблағи умумии 743804,31 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд, ки назар ба соли 2014-ум 142596 нусха зиёд аст.
Дар ин бора дар ҳисоботи солонаи Шуъбаи такмили адабиёт сухан меравад.
Ба захираи умумии Китобхона – 32693 нусха ба маблағи умумии 721353,82 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2014-ум 6553 нусха камтар аст. Аз ҷумла, китобҳо – 27784 нусха, маҷаллаҳо – 3104 нусха, рўзномаҳо – 424 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ - 555 нусха, нотаҳо - 158 нусха, маводҳои коркарди гурўҳӣ – 23 нусха, авторефератҳо-300, диссертатсияҳо –87 нусха, дастнависҳо- 63 нусха, DVD - 132 дона, изографикаҳо -2 нусха, секограмма - 56 нусха, харитаҳо – 5 нусха. Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ – 149492 нусха ба маблағи умумии – 18347,76 сомонӣ, ба захираи байналмилалии байникитобхонавӣ – 293 нусха ба маблағи умумии – 3937,41 сомонӣ ва бе қайд кардан ба шуъбаҳо - 8 нусха ба маблағи умумии - 165,32 сомонӣ ворид карда шуд.
Кормандони шуъбаи такмили адабиёт 3172 нусха (1401 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 1209 нусха (170 номгўй ) нашрияҳои гуногунро қабул ва сабт кардаанд. Ба шумораи мазкури китобҳо аз рўи таснифоти сол, алифбо ва ҷои нашр барга навишта шуда, сипас ба шуъбаҳои дахлдор ирсол карда шуд.
Дар ҳисобот омадааст, ки 12079 адад рўзномаҳои обунавӣ ва ҳатмӣ (ҳатмӣ - 5620, обунавӣ - 6459) ба қайд гирифта шуд. Илова бар ин 6641 лифофа ворид шуд. 752 адад маҷаллаи нусхаи ҳатмӣ, 902 адад маҷаллаҳо, 103 нусха китобҳои обунавӣ ва 759 дона маҷалла аз сарчашмаҳои гуногун муҳр зада, дар феҳристи шуъба ба қайд гирифта шуд.
Аз ҶДММ «Дониш ДК», аз нашриётҳои “ Адиб” ва “Адабиёти бачагона”, Институти забон, адабиёт ва шарқшиносӣ ба номи А. Рўдакӣ, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, ЧП Раҳмонов И. – 4856 нусха адабиёт ( аз он ҷумла- 63 дастхат) ба маблағи умумии - 356367,71 сомонӣ харидорӣ ва ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷониби САҲА, Сафоратхонаи Чин, Маликаи Тайланд, “Интрансдорнаука”, “Ройзании фарҳангии Эрон”, СММ (ООН), “Россотрудничество”, Фонди А.С. Пушкин, Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессорҳо И. Соатов, Наврўзов, аз сарчашмаҳои гуногун ва шахсони воқеӣ – 168629 нусха адабиёт (аз он ҷумла 159844 нусха ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ) дар шакли туҳфа ба фонди Китобхона ворид карда шуд.
Аз захираи мубодилаи байналмилалии байникитобхонавӣ тавассути санадҳо – 2111 нусха адабиёт ворид карда шуда, мавриди коркарди соҳавӣ қарор дода, сипас ба фонди умумӣ фиристода шуд.
Аз фонди умумии Китобхона бо санадҳои № 688 ва №689 968 нусха китоб хориҷ карда шуд.
Барои сомонаи КМТ рўйхати электронии адабиёти нусхаи ҳатмии бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба Китобхона воридшуда, ки иборат аз 1014 номгўй аст, омода карда шуд Тибқи мактубҳои воридшуда аз ташкилоту ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 68635 нусха адабиёти гуногун аз захираи мубодилавии эҳтиётии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тавассути санадҳо тақдим карда шуд.
Ба 15966 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (штрихкод) часпонида шуд.