Чорабинии “Ман оилаамро дӯст медорам”, ки баъди зуҳри рӯзи панҷшанбе ба толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, ба “Соли гиромидошти оила” бахшида шуд.
Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки чорабиниро ҳусни оғоз бахшид, оилаи солимро солимии ҷомеа номид ва гуфт, ки пойдории оила ин ҳамон пойдории ҷомеаи солим аст. Вай аз таърих ва урфу анъанаҳои миллӣ ёдовар шуда, дар муроҷиат ба ҷавонон гуфт, ки гузаштаро пос доранд, бузургони миллатро эҳтиром кунанд ва он кореро анҷом диҳанд, ки сазовори ҳамин миллати бузург ва таърихсоз бошад.
Директори Китобхонаи миллӣ гуфт, ки миллати тоҷик тарзи либоспӯшии ба худ хос дорад ва ин анъанаи асрҳо таҷрибашудаест. Ва ҳоло зарур нест, ки бонувони мо ба тақлид тарзу усули пӯшиши бегонагон анъанаҳои миллии худро ба боди фаромӯшӣ супоранд.
Сайфиддин Назарзода китобро сарчашмаи маънавӣ ва оғози ҳама хушиҳои маънавӣ барои инсон донист ва гуфт, ки имрӯз Китобхонаи миллӣ ҳама шароитро дорад, то ташнагони маърифат бо истифода аз чашмаҳои саршори илмиву фарҳангӣ ташнагӣ бишкананд. Вай гуфт кормандони Китобхона дар хидматанд ва ҳар дархости хонанда сари вақт иҷро мешавад. “Шумо оед, ва худ бинед, ки чӣ гуна зарфи чанд соли охир сатҳи хизматрасонӣ дар Китобхонаи миллӣ дигар шудааст”,- гуфт Сайфиддин Назарзода.
Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода ва академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиба Яъқубова зимни суханронии худ бештар дар бораи маърифати оиладорӣ, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, роҳу шеваҳои солимгардонии оила, баланд бардоштани масъулияти падарону модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии хароҷоти беҳуда дар маъракаҳо ва танзими расму оинҳои мардумӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоили бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳарф заданд.
Махфират Хидирзода, ки бештар дар бораи оила ва солимии он суҳбат кард, гуфт, ки аксари оилаҳо бо сабабҳои хеле ночиз ва камарзиш пош мехӯранд. Дар ҳоле, ки баъзе аз ин сабабҳоро худи зану шаҳар бо роҳи гузашт карданд метавонанд аз байн баранд. Дар ҷавонони имрӯза фарҳанги гузашт аз ҷурму гуноҳ ташаккул наёфтааст ва боистӣ, ки мактабҳо ва волидон дар ин самт бештар кор баранд. Агар дар оила бахшиши гуноҳ, гузашт аз иштибоҳоти кучак ҳоким нашавад, он ҳатман вайрон мешавад, гуфт ӯ.
Раиси Кумитаи занонро бештар вазъи ҷиноӣ ба ташвиш овардааст ва гуфт, ки вақтҳои охир мо ҳатто ҳодисаҳои қатли шавҳар аз ҷониби занро мебинем, ки ин аслан қобили қабул нест. На дар шариат ва на берун аз қонунҳои шариат ҳам касе ҳақ надорад ҳаёти каси дигарро ҷабран қатъ кунад. Вай гуфт, ки ин ҳодисаҳо ба сабабҳои пастии маърифати оиладорӣ ва ноомодагии ҷавонон барои расидан ба ҳаёти мустақиланд. “Ин аст, ки Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ аз мо талаб дорад, ки корро дар ин самт таҳким бахшем, то ҷавонон қабл аз он ки хонадор шаванд, аввал маърифати оиладориро омӯзанд”,- гуфт хону Хидирзода.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сарояндагони шинохтаи Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодӣ ва Орзугул Хуҷамова бо бо чанд таронаи дилнишин хотири ширкаткунандагонро болида сохтанд.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ зумрае аз ҳунармандони театр студияи «Хандинкамон» аз шаҳри Хуҷанд ҳузур ёфтанд ва чанд саҳнаи ҷолибро дар иртибот ба мавзуъи мавриди баҳс иҷро карданд.