Афрўзаи дуюми “Оламафрӯз”: “Фурўғи Иқбол”
Нашр шуд 2015-12-18 14:57
Дуввумин маҳфили адабиву фарҳангии “Оламафрӯз”, ки қарор аст аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ низ намоиш дода шавад, баъди зуҳри дирӯз, 17-уми декабри соли равон дар ошёнаи 9-уми толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид.
Ин бор маҳфил бар ашъори аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бахшида шуда буд ва исми он-“Фурӯғи Иқбол” низ баргирифта аз мавзуъ буд.
Маҳфилоро чун дар маҳфили аввал шоири шинохта Хайрандеш ва базморо ҳунарманди шинохтаи кишвар Абдулхайри Муъмин буд, ки бо таронаҳои нобаш аз ғазалҳои аллома Муҳаммад Иқбол хотири ширкаткунандагонро шод кард.
“Оламафрӯз” тарҳи баҳсист, яъне атрофи ин ё он ғазал ва шоҳбайт баҳси илмӣ сурат мегирад ва дар ин баҳс ҳама имкон доранд ширкат кунанд, андешаву афкори худро баён доранд. Яъне, ин як маҳфили ҳамагонист ва ҳар ширкаткунанда метавонд дар таҳлили байт ё ғазал ё матни таронаву оҳанги суруд ибрози назар кунад. Фазои озод имкон медиҳад, ки иштирокдорон фикри худро баён созанд ва агар таҳлил иштибоҳ бошад, онро дигарон метавонанд ислоҳ кунанд.
Шеваи баргузории он низ нав аст. Шоир Хайрандеш, ки муаллиф ва гардонандаи ин маҳфил аст, ҳар шумораи онро аз ҳафт ангеза тартиб додааст. Дар ин маҳфил дар ҳафт ангеза ҳафт ғазал ва ҳафт шоҳбайт таҳлил шуд. Ва дар миёни ҳар ангеза Абдулхайри Муъмин як тарона ба ашъори Муҳаммад Иқбол хонд.
“Оламафрӯз” тибқи тарҳи пешниҳодӣ ҳар моҳ як маротиба, ҳар панҷшанбеи дуюми моҳ бо ширкати ҷамъе аз дӯстдорони каломи бадеъ, устодони донишгоҳҳо, шогирдон, хонандагон ва кормандони Китобхона баргузор мешавад.
Муаллифи тарҳ дар ҳар маҳфил қасд дорад як бузургмарди адабиёти форсиву тоҷикиро интихоб кунад ва онҳоро ин гуна номгузорӣ кардааст: Афрӯзаи “Фурӯғи Мавлавӣ”, ки гузашт. Афрӯзаи “Фурӯғи Иқбол”, Афрӯзаи “Фурӯғи Саъдӣ”, Афрӯзаи “Фурӯғи Турсунзода” ва ғайра.
Саҳна ба гунаи ҷолиб ороиш ёфтааст. Дар толор аз ду тараф 49-нафарӣ, ҷамъ 96 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Тарафи рост бурҷи “Армуғон” ва тарафи чап бурҷи “Арғувон” ном дорад.
Бурҷҳо ҳафтқаторӣ доранд ва он қаторҳо “Ангораҳо” номида шудаанд. Ҳар “Ангора” ҳафт ҷойи нишаст дорад. Ва ин ду бурҷ дар шаҳри ғазалҳову шоҳбайтҳо гӯё бо ҳам дар мусобиқаанд.
Атрофи бурҷҳо бо номи “Ҳафт ахтар” 7 ҷойи нишаст дуруст карда шудааст ва ин ҳафт нафар ҳар кадом дар даст микрофон доранд ва маҳфилороро ёрӣ мекунанд.
Дар рӯ ба рӯ бо аҳли толор 7 ҷойи нишасти дигар ҳаст, ки ҳафт навозанда нишастаанд ва он “Ҳафт ранг” номида шудааст.
Ин охирин маҳфили “Оламафрӯз” дар соли ҷорӣ буд ва маҳфили сеюми он 14-уми январи соли 2016 баргузор мешавад.