Семинари илмӣ- таълимӣ бахшида ба «Рўзи Парчами миллии Тоҷикистон»

Субҳи имрӯз, 21 ноябр шуъбаи Абонименти байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии  Тоҷикистон семинарии илмӣ –таълимӣ бахшида ба «Рўзи Парчами миллии Тоҷикистон» доир кард.
Саидҷаъфар Сафаров, Ҷонишини аввали Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ парчамро аз нишонаҳои аслии соҳибихтиёрии кишвар номид. Вай гуфт, кишваре, ки худро соҳибихтиёр меномад, бояд аввал парчаму нишон дошта бошад.
Саидҷаъфар Сафаров ба таърихи Парчами миллӣ руҷуъ кард ва онро як падидаи истиқлолият донист. Вай гуфт, ки  Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси хешро доро буда, он ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст.
Ҷонишини аввали Директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханрониаш ҳамчунин гуфт, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо маҳсуб меёбад.
Муаллими ҷавони Донишгоҳи давлатии Омўзгории Тоҷикистон Аслиддин Салимов дар мавзўи «Рамз ва миллат» суханронӣ намуд, Бахтиёр Солеҳов, мутахассиси шуъбаи абонименти байни китобхонаҳо дар мавриди «Таърихи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳарф зад.