ШУЪБАИ УМУМӢ ВА КОРГУЗОРӢ

Шуъбаи умумӣ ва коргузории Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», Оинномаи «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ мемонад.
Вазифаи ин шуъба  фаъолияти муваффақиятноки мақоми мазкур, таъмину ташкили дақиқи хадамоти коргузорӣ дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад.
Маъмулан дар ташкилоту муассисаҳо, идораю корхонаҳои давлатӣ коргузорӣ ва  ҳуҷҷатнигорӣ яке аз масъалаҳои муҳими идорӣ ба шумор меравад, аз ҷумла дар Китобхонаи миллӣ низ.
 
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба иборатанд аз:

- ташкили коргузорӣ ва хизматрасонии китобхона;
- амалӣ намудани назорат ва иҷроиши саривақтии ҳуҷҷатҳои таҳти  назорати роҳбарияти китобхона қарор дошта;
- омўзиши пешниҳод ва дархостҳои кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Вазифаҳои асосии шуъба аз инҳо иборатанд:

- баррасии саривақтии ҳуҷҷатҳои воридшаванда, содиршаванда ва дохилие, ки барои гузориш ба роҳбарияти китобхона пешниҳод мешаванд;
- дуруст амалӣ намудани назорати мунтазам дар мавриди иҷроиши саривақтии ҳуҷҷатҳои супоридашуда, назоратӣ ва сари вақт тартибу омода намудани ҳуҷҷатҳо;
- амалӣ намудани қабул, сабт, баҳисобгирӣ ва расонидани мактубҳои воридшаванда, хориҷшаванда ва дохилӣ ба шуъба, бахш ва марказҳои Китобхонаи  миллии Тоҷикистон;
- назорат ва иштироки бевосита дар баланд бардоштани сатҳи фаъолияти китобхона;
- ба низом даровардани ҳуҷҷатҳо мувофиқи талабот;
- нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ;
- ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои воридшаванда ва содиротӣ;
- бо санад асоснок намудани фаъолияти кори ҳуҷҷатнигорӣ;
- омода намудани ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии минбаъда;
- кор бо ҳуҷҷатҳои махфӣ.
    Шуъбаи умумӣ ва коргузорӣ қисми таркибии мустақили Муассисаи давлатии  Китобхонаи миллии  Тоҷикистон ба шумор рафта, доираи фаъолияташро аз рўи талаботи Низомнома ва нақшаи корӣ ба роҳ мондааст.   Ҳадаф қайд ва назорати мукотиботи воридотию содиротӣ бо як низоми муайян ва бо таври босамар ба роҳ мондани фаъолияти умумии китобхона аст.

Сардори Шуъба: Ҳакимов Б.