Атфолро ҳикмати об омӯхтанд
Нашр шуд 2015-07-29 16:31
Барои кӯдакону наврасоне, ки субҳи рӯзи чоршанбе меҳмони Китобхонаи миллӣ буданд, дар мавзуъи об чун манбаъи ҳаёт суҳбати шавқоваре доир карданд.
Чорабинӣ “Об-манбаъи ҳаёт” ном дошт ва он бо ибтикори кормандони толори кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Бибиҷамоли Самандар ҳозиринро бо ҳикмати об ошно кард ва то кадом ҳад барои зиндагии инсон, ҳайвон ва наботот муҳим будани обро бо лаҳни наздик ба дарки атфол фаҳмонд.
Шеърхонӣ дар васфи обу ободӣ маҳфилро ранги дигар бахшид. Ҳар касе чизе дар бораи об медонист, нақл мекард. Шунидани ҳарфи об аз забони атфол басо шавқовар буд.
Дар маҳфил кўдакон ва мураббияҳои боғча аз кўдакистони рақами №117 ва хонандагон аз макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, устодони мактабҳо ва кормнадони Китобхона ширкат доштанд.
Муовинони директори китобхона Гадобек Маҳмудов ва Салима Раҷабова дар ин маҳфил ширкат карданд ва дар суханронии худ аз сатҳи огоҳии атфол аз аҳамияти об дар зиндагӣ изҳори хушнудӣ намуданд.