Рушди иттилоот ва технологияи муосир

 Баъд аз зуҳри имрӯз, 23 декабр соати 14:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Рушди иттилоот ва технологияи муосир дар даврони Истиқлол” баргузор гардид. Зимни сухани муқаддамотӣ ҷонишини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов иброз дошт, ки ҳатто китобдории имрӯзаро наметавон бе рушди технологияи муосир тасаввур кард. Технологияи нав масофаҳоро наздик мекунад ва хонандаро бештар бо китоб метавонад ошно созад.

Дар мизи мудаввар доктори илмҳои физика ва математика, профессор Маҳмадюсуф Юнусӣ Қамарзода, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Саъдулло Комилов  ширкат ва суханронӣ карданд.

Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт.

 

 

 

 
Барчаспҳо: