Ҷамъбасти шаш моҳи фаъолияти Китобхонаи миллӣ
Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 17 844 нусха адабиёт ба маблағи умумии 221 532,96 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор гирифт. Ба захираи умумии Китобхона 13 694 нусха ба маблағи умумии 188 499,96 сомонӣ ворид карда шуд. Дар ин бора ахиран Директори Китобхонаи миллӣ Абдусалом Мирализода зимни суханрониаш дар ҷаласаи ҳисоботӣ ибрози назар намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт: Дар ин шаш моҳ 10 ҳазору 799 нусха китоб, 2510 маҷалла, 67 нусха нашрияҳои давомноки илмӣ, 35 нусха нотаҳо, 212 диссертатсия ва 54 дона СD DVD ворид шуд.
Профессор Мирализода дар бахши дигар аз суханронии худ гуфт, ки кормандони шуъбаи такмили адабиёт 2 045 нусха (1 083 номгўй) китобҳои ҳатмӣ, 10 913 нусха адабиёти туҳфашуда аз шахсони алоҳидаро қабул намуда, ба дафтари бақайдгирӣ сабт карданд.
Ҳамчунин, тавассути шуъбаи мазкур ба Китобхона 678 нусха рўзномаҳои ҳатмӣ бо забони тоҷикӣ ва 138 нусха бо забони русӣ, 294 адад маҷаллаҳои обунавӣ ба маблағи 15 584,48 сомонӣ ворид гардидаву муҳр зада шуда, дар феҳристи шуъба ба қайд гирифта шуд.
Таҳлили фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён нишон дод, ки аз оғози фаъолият то ба имрўз ба узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон 177 427 нафар хонанда пазируфта шудааст. Дар шашмоҳаи аввали соли равон 11 ҳазору 370 нафар хонадагон ба узвияти Китобхонаи миллӣ қабул шудаанд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли 2018 398 нафар зиёд мебошад.
Матлаби бештар дар бораи шаш моҳи фаъолияти Китобхонаи миллӣ ба зудӣ нашр хоҳад шуд.