Суҳбати мо дар ду толори хониш бо ду хонандаи Китобхонаи миллӣ барои онҳо ногаҳонӣ сурат гирифт. Ҳадафи мо ин буд, ки назари хонандагонро дар бораи шароити Китобхона, сатҳи хизматрасониҳо, толорҳои хониш пурсем. Ҳар пурсиш баъзан чизеро ҳам ошкор мекунад, ки бояд пайи ислоҳаш шуд.
Адиба Шокирова хонандаи мактаби миёна аст ва чун ҳоло таътили тобистона мебошад, омадааст, ки вақташро беҳуда нагузаронад ва китоб мутолиа кунад. Иқдоми шоиста, чун маъмулан се моҳи таътили тобистонаро бисёриҳо беҳуда мегузаронанд ва он ки Адиба Китобхона омадааст, маълум, ки мутолиаи китоб барояш беҳтар аз он аст, ки беҳуда вақт гузаронад. Ва аз ӯ суол кардем:
Имрўз то кадом андоза Шумо аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хубӣ истифода бурда метавонед?
Адиба: - Мо зодаи асри навем ва истифодаи сифатноки техникаю-техналогия кори ҳамарўзаи мо мебошад. Яке аз афзалиятҳои хуби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ба истифода додани теъдоди зиёди компютерҳо аст, ки бештар ҳар рўз як - ду маротиба аз Толори хизматрасонии электронӣ истифода мекунем. Хосатан фаъол будани компютерҳо бо шабакаи интернетӣ кори моро дучанд осон мегардонад ва фурсат медиҳад, ки мо мавзўи заруриро васеътар омӯзем.
Ғайр аз ин, он машғулиятҳое, ки давоми таҳсил аз тарафи устодон ба мо дода мешавад, тариқи шабакаи интернет зудтар дарёфт карда метавонем. Махсусан дар дастрас намудани мавзўҳои ҷаҳонӣ, тозатарин кашфиётҳои илмӣ Толори хониши электронии Китобхонаи миллӣ ба мо хеле кўмак мерасонад.
Озода Хидирова, ҳамсуҳбати дигари мо дар бораи тафовути Китобхонаи миллӣ аз китобхонаҳои дигари пойтахт ҳарф зад, чун суоли мо аз ӯ дар ҳамин бора буд.
- Барои тафовут миёни Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон ва китобхонаҳои шаҳриву донишгоҳӣ мисолҳои зиёд оварда метавонем. Нахуст ин дарёфти тамоми мавод аз Китобхонаи миллӣ ба таври осону замонавӣ аст. Дар назар дорам феҳристи электронӣ ва ба таври фаврӣ дастрасии китобҳои анънавиро, ки тариқи лифтҳои китоб меоранд.
Инчунин қариб бештари соҳаҳо дар Китобхонаи миллӣ дорои толори алоҳида аст, ки барои мо донишомӯзон дастрасанд. Дар ин баробар бисёри дигар мисолҳо овардан мумкин аст, хизматрасонии сатҳи хуб, ҷойгирии худи бинои Китобхонаи миллӣ, ки макони мусод мебошад. Имрўз шароитҳои мавҷудаи Китобхонаи миллиро ба сатҳи баланди хизматрасонӣ эътироф намоем ҳам муболиға намешавад.
Суҳбати Абдуғаюр