Таҷлили Наврӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

   Субҳи имрӯз, 20-уми март дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бахшида ба фарорасии иди баҳору Наврӯз чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони  “Наврўзи хуҷастапай фархунда бод” доир гардид.

   Чорабинӣ бо суханони муқаддиммавӣ муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег  Маҳмудов оғоз шуд. Вай ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод гуфта, қайд намуданд, ки бо сайъю кўшиш ва ташаббуси Асосгузори Сулу Ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Наврўз мақоми ҷашни байналмилалиро касб кардааст. 

    Дар ин ҷорабинии фарҳангӣ ҳамчунин намоянда аз Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Шоназаров кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳозиринро ба ҷашни Наврўз табрик гуфта, зикр намуд, ҷашни Наврўъ аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврўз ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башардўстонаи хеш – дўстиву рафоқат, ҳамкориву ҳамбастагӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондўстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои фаровони табиат мардумро гирди ҳам меорад.

   Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов, Лола Азизова, Моҳрухсор Сафиева ва дигарон бо дастагули суруду мусиқӣ хотири кормандон ва сокинони шаҳрро болида намуданд.

   Ҳамчунин, аз тарафи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ин чорабинии фарҳангӣ либосҳои миллии тоҷикон намоиш дода шуда, дар байни кормандон озмуни шеърхонӣ, варзишҳои миллӣ: бандкашӣ, вазнбардорӣ ва дастхобонӣ баргузор гардида,  ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.                                                                                                            

Фаридун Азизов – муовини сардори

шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабинии фарҳангӣ