Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», ки  бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2012, №2  тасдиқ карда шудааст, ба роҳ мемонад.

Вазифаҳои асосии Шуъба:

Тартиб додани нақшаҳои кории ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаи кори Шуъба ва омода намудани ҳисобот оиди иҷроиши онҳо.
Мутобиқсозии корҳои оммавии Шуъбаҳои Китобхона ва тартиб додани нақшаҳои маҷмўии чорабиниҳои оммавии Китобхона ва иҷроиши онҳо.
Мунтазам пешниҳод намудани иттилооти таъҷилӣ ба истифодабарандагон оиди адабиёти нави ба Китобхона дохилшуда тавассути ташкили намоишҳои доимамалкунанда.
Иттилоот ба истифодабарандагон дар бораи таркиб ва мундариҷаи хазина оид ба ҳамаи соҳаҳои дониш тавассути:

- ташкили намоишҳои мавзуъӣ оид ба масъалаҳои муҳим ва руйдодҳои ҳаёти ҷамъиятию  сиёсӣ, ҳоҷагии халқ ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили  намоишҳо бахшида ба санаҳои муҳими тақвимӣ;
- азназаргузаронии адабиёту нашрияҳои даврӣ ва сарчашмаҳо оиди соҳаҳои гуногуни дониш дар якҷоягӣ бо дигар Шуъбаҳои Китобхона;
- созмондиҳии чорабиниҳои оммавӣ (шабҳои адабӣ ва мусиқӣ, конфронсу семинарҳо, лексияю мулоқотҳо ва муаррифии китобҳои нав)  дар якҷоягӣ бо дигар шуъбаҳои Китобхона;
- гузаронидани сайёҳат дар Китобхона бо меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ.
Барои тарғиби фонди Китобхона намоишҳои китобии мавзўӣ, китобҳои тозанашр, тақвимӣ ва сайёр созмон медиҳад ва нисбати таъмини  ҳифзи  китоб  Шуъба  чунин корҳоро анҷом медиҳад:
- нақшаи намоишҳоро таҳлил намуда, ба онҳо матну иқтибос ва расмҳо  интихоб мекунад;
- адабиётро аз феҳристҳо ҷустуҷў намуда, аз Шуъбаи китобнигаҳдорӣ ва дигар  Шуъбаҳои  Китобхона  дархост мекунад;
- иҷрои  талабномаҳоро  ҷамъбаст менамояд;
- адабиёти дастрасшударо ба қисматҳои намоиш тақсим  намуда, ба рафҳо ҷобаҷо мегузорад;
 - намоишҳоро бо сарлавҳаю матн ва суратҳо оро медиҳад;
- муҳофизати  китоби намоишҳоро таъмин мекунад ва бо бойгонии онҳо кор мебарад; 
- иттилоотдиҳии истифодабарандагонро нисбати баргузории чорабиниҳои оммавии Китобхона ба роҳ мемонад ва бо муассисаву ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мактабҳои олии шаҳри Душанбе алоқа намуда, тарғиби адабиётро тавассути васоити ахбори омма (радио, телевизион, матбуоти даврӣ) амалӣ месозад;
- омўзиши самаранокии шаклҳои гуногуни корҳои оммавиро ба роҳ монда, бо кўмак ва иштироки бевоситаи истифодабарандагон намоишҳои мавзўии адабиёт ва дигар чорабиниҳои оммавӣ мегузаронад.

 Илова ба он чӣ гуфта шуд, дар Китобхона намоиши кушоди китобҳоро ба роҳ мемонад, онҳоро бо лавҳаю матн ва суратҳо оро медиҳад. Таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои ҷумҳуриро дар масъалаҳои ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавӣ омўхта, ҷамъбаст ва пешкаши китобдорони кишвар мегардонад. 
Барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони Шуъба чораҳо меандешад.

Натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи соли 2015 ин ҷост: 
Чорабиниҳои фарҳангии Китобхона дар нуҳ моҳи соли 2015
Чорабиниҳои фарҳангии Китобхона дар соли 2015