Ашӯр Сафар
Имрӯз, 1-уми майи соли 2018 Ашӯр Сафар-шоири маъруф, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Абуабджуллоҳи Рӯдакӣ,Шоири халқии Тоҷикистон 90-сола шуд. Пайвандон, ҳаводорони шеъраш ин санаи муҳимро бе ӯ ҷашн мегиранд. Шоири дардошно олами моро тарк кардааст, аммо ашъори нобаш умри ӯро ҷовидон гардонида.
Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ашӯр Сафар 1-уми майи соли 1928 дар деҳаи Роботингаки ноҳияи Ҳамадонӣ чашм ба олам кушодааст. Соли 1958 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кӯлобро ба охир расонда, дар вазифаҳои нозири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, корманди адабии нашрияи «Ҳақиқати Кӯлоб», мухбири Радиои Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, мудири шуъбаи нашрияи «Ҳақиқати Кӯлоб», директори Хонаи пешоҳангони шаҳри Кӯлоб, директори Стансияи табиатшиносони ҷавони вилояти Кӯлоб кор кардааст. Ҳамзамон солиён дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва Омӯзишгоҳи педагогии ш. Кӯлоб аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст.
Ашӯр Сафар аз ҷумлаи ташнакамонест, ки дар ҷодаи шеър умре содиқона раҳ паймуда, ба қуллаи мурод расидааст. Дар олами қисмату сарнавиштҳо акси эҳсосоти хешро меҷӯяд ва ба мардум пешкаш месозад. Ин эҳсосот тиҳӣ нест, балки маъниҳо, дарку дарёфтҳои дардолуди шоиронаанд, шодию ғамҳо, ғуссаю андӯҳҳо, барору бебарориҳо баён месозанд, аз табъи худодод сарчашма мегиранд. Дунёи шоир пур аз шӯру ғавғо, пур аз муқаддасот аст, дунёест, ки хораш гул, сангаш болишти пар, хокаш зар метобад. Ашъораш бо соддабаёнӣ, равонӣ ва банду басти ба дубайтию рубоӣ ва дигар жанрҳои адабӣ шабеҳ ҳамеша фарқ мекунанд, ӯ бар онест, ки фароғатҳо лаҳзаҳои азизу бебозгашти умранду бо ҳама сахтиҳояш дилпазиранд. Шоир ҳамвора кӯшидааст, ки бо забони сода ва бепироя, баёни возеҳу равшан, паёмҳои сареҳ дар сатҳи дарку дарояти ҳаммилатони хеш, хоса мухатабони ом эҷод кунад, биноан аз бозиҳои забонӣ ва печидагиҳои маъноӣ ва лафзӣ парҳез кардаю дар пардохти шеърҳо аз розу рамзҳои мураккаб дургузидааст. Аз вожагон ва ибораҳои корбурди миёни мардум маъмул истифода бурда, забони ашъорашро аз фишурдагии беш аз ҳад раҳоӣ бахшидааст. Дарунмояи шеъраш дардҳои мардуманд, аз хубиҳо ва забонҳои ҳастӣ дар камоли самимият ва соддагӣ бо хонанда сӯҳбат карда, ононро ба ҳусни хомнавъи дӯстӣ, зебоиписандӣ, мусбатгароӣ, накӯкорӣ ва дигар хислатҳои хуб тарғиб месозад. Ин аст, ки ин шоири шаҳир дар роҳ ва ростои шеъри ноб ва ноёб вуқуфи зиёд дошт ва соҳиби зеботарин ва дилнишинтарин ашъори мондагор гардид. Аз Ашӯр Сафар ба мо осори баланди пур аз панду насиҳат боқӣ мондааст, ки хонандагон метавонанд доир ба осори баъдеии ин шоири тоҷик маълумоти муфассал аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоянд.
Тоҷикистон
Нури нав бар дида бахшид рӯи ту,
Таъб хуррам мешавад аз бӯи ту.
Нашъаи даври шубоб орад ба ёд,
Ҷастухези чашмаи раҳҷӯи ту.
Қуллаи кӯҳат, ки ҳамдӯши самост,
Як нишон аз сарбаландиҳои мост,
Дашту ҳомуни ту бошад зарнисор,
Рангу бӯ дорад ҳамеша чун баҳор.
Гӯиё карданд дар хоки ту кишт,
Тухми зебоию ганҷи бешумор.
Дар само хандад агар тирукамон,
Акси дилҷӯи туро бошад нишон.
Зиндагӣ роҳист чун рӯди кабир,
Гардад одам бо мурури давр пир.
Лек ту ҳар рӯз аз дирӯзи худ,
Мешавӣ аз нав ҷавону дилпазир.
Дил асиру масти дидори ту бод!
Ҷон фидои бахти бедори ту бод!
Асарҳои Ашӯр Сафар:
«Ибтидои роҳ» (1964),
«Илҳом» (1970);
«Хандаи гулҳо» (1973);
«Фарзанди аср» (1976);
«Самари умр» (1980);
«Плоди жизни» («Советский писатель», Маскав, 1984);
«Дастёри додо» (1979);
«Гулгардонӣ» (1989);
«Э мойнӣ, мойнӣ» (1994);
«Гапи подор» (1987).
Муаллифи маҷмӯаҳои «Гули Маҳтоб» (1983), «Базми садоқат» (1984), «Раиси Миралӣ» (1984), «Холи фатир» (1987), «Цветок луны» (ба забони русӣ, 1987), «Арзи меҳр» (ба ҳуруфи арабӣ, 1993), «Достони нотамом» (1993), «Китоби нохонда» (1995), «Рӯзи сиёҳ» (1994), «Андешаи зиндагӣ» (1997), «Хӯшаи нур» (1998), «Мунтахабот» (2003), «Борони ҳидоят» (2008) аст.
Маҷмӯаи «Арзи меҳр» (1994)-аш сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардида, «Гулчини ашъор» (1997)-аш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидааст.
Ашӯр Сафар дар боби тарҷумаи осори адибони хориҷӣ ва ҷамоҳири бародар ҳам хизмати шоиста карда, намунаҳое аз ашъори Р. Ҳамзатов, А. Софронов, С. Смирнов, Зулфия, П. Хузангай ва дигаронро пешкаши хонандаи тоҷик гардондааст. Тарҷумаи маҷмӯаҳои ашъори Қармис Дӯсанов «Табассуми Офтоб» (1985), Семён Данилов «Офтоби зимистон» (1987) ва Захария Станку «Сатрҳои оддӣ» (1990) ҳам ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Ашъори алоҳидаи Ашӯр Сафар ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, қирғизӣ, украинӣ, литвонӣ, латишӣ тарҷумаву нашр шудаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон (1991).
Аз соли 1962 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1967 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
10 январи 1997 аз олам даргузашт.
Дар Кӯлоб Китобхона-осорхона, хиёбон, нимпайкара ва дар Душанбе кӯчае номи ӯро доранд.
Дар Китобхонаи миллӣ аз шоири мумтоз Ашӯр Сафар ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед суроғ кунед:
Базми Садоқат [Матн]: Шеърҳо барои бачаҳои синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1984. – 80 с.
Гапи подор [Матн]: Шеърҳои ҳаҷвӣ. – Душанбе: Ирфон, 1987. – 224 с.
Гулбоғ [Матн]: Маҷмӯаи шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1990. – 544 с.
Гули маҳтоб [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 176 с.
Гуфтори «Алифбо» [Матн]: Барои аз ҳама хурдтаракон. – Душанбе: Истиқбол, 2005. – 20 с.
Дар паноҳи зан [Матн]:Шеъри ҳаҷви //Адабиёт ва санъат .-1989 .-15 июн.
Дастёри додо [Матн]: Шеърҳои бачагона. – Душанбе: Маориф, 1979. – 24 с.
Ибтидои роҳ [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1964. – 71 с.
Иқтидор [Матн]: Шеър // Хатлон. – 1992. – 30 апрел
Илҳом [Матн]: Маҷмӯаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 51 с.
Махфили Зулайхо [Матн]: Шеър // Фирӯза. – 1990. – №5. – С.14.
Мулк сангситону мо бесангарем [Матн]: Мухаммас дар ғазали Лоиқ // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 17 октябр.
Мунтахабот [Матн]. – Душанбе: Адиб, 2003. – 256 с.
Раиси Миралӣ [Матн]: Манзумаи публисистӣ. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 47 с.
Садбарги таманно [Матн]: Мунтахаби шеърҳо. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2011. – 192 с.
Самари умр [Матн]: Шеърҳо – Душанбе: Ирфон, 1980. – 272 с.
Ситеза [Матн]: Шеър // Сомон. – 1993. – 21 март.
Фарзанди аср [Матн]: Достон ва шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 112 с.
Хандаи гулҳо [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 63 с.
Хешро бишнохтан ин давлат аст [Матн]: Шеър // Хорпуштак. – 1990. – №4. – С.14.
Хирмане дорам, ки пур аз донаи умедҳост [Матн]: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 13 апрел.
Холи фатир [Матн]: Шеърҳо барои бачаҳои синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Адиб, 1988. – 192 с.
Хӯшаи нур [Матн]: Маҷмӯаи шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1995. – 224 с.
Ҷавобак [Матн ]: Шеър // Машъал. – 1990. – №5. – С.3.
Чашми ситора [Матн]: Силсилаи шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1994. – №. – С.12-13.
Шеърҳои Ҳаҷвӣ [Матн] // Хорпуштак. – 1989. – №17. – С.5.
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад [Матн]: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 11 феврал.
Адабиёт доир ба ҳаёт ва фаъолияти Ашӯр Сафар
Авзалов, А. Хандаи дилкаш [Матн]: Шеър ба шоири халқӣ устод Ашӯр Сафар // Хатлон – 1991. – 3 октябр.
Амирхон, С. Торҳои ҳамнаво [Матн]: Тақриз ба китоби "Се тори ҳамнаво / С. Ашӯр, С. Гурез, Файзи Ашӯр // Баҳори аҷам. – 2018. – 6 март.
Асозода, М., Киром, Қ. Андар ситоиши соҳибҷашн [Матн]: Шеър. Ҳазли рафиқона дар васфи Ашӯр Сафар // Хорпуштак. – 1990. – №4. – С.14.
Гулназар. Ашӯр Сафар [Матн] // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2003. – С.485-487.
Ашӯр Сафар [Матн] // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2015. – С.251.
Ашӯр Сафар [Матн]: Ба муносибати 90-солагии зодрӯзаш // Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2018). – Душанбе, 2018. – С.195-197.
Ашӯр, Ф. (Файз). Азми савгандқабо [Матн]: Ба истиқболи 90-солагии шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар // Садои мардум. – 2017. – 7 декабр.
Борони ҳидоят [Матн]: Мунтахаби ашъори Ашӯр Сафар / Мураттиб Гурез Сафар. – Душанбе: Адиб, 2008. – 336 с.
Ғаффор, П. Шеъри хуш, суруди хуш [Матн]: Вохӯрӣ бо шоири хушкалом Ашӯр Сафар // Адабиёт ва санъат. - 1989.-21 сентябр.
Ғоиб, Ҳ. Болиши санг, Оғӯши гул [Матн]: Ба ифтихори 80-солагии шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 1 май.
Гурез Сафар. Лутфи Ашӯр Сафар [Матн]: Ҳикоячаҳо. – Душанбе: Адиб, 2006. – 144 с.
Карим, Д. Лутфу карами Ашӯр Сафар [Матн]: Ҳаҷвияҳо // Адабиёт ва санъат. – 1994. – 15 июл.
Мулло, Ғ. Хандаи шеърам гирист [Матн]: Шеърҳо // Хатлон. – 1991. – 21 сентябр.
Самад, А. Гули сӯҳбату лутфи саро [Матн]: Ёде аз шоир Ашӯр Сафар // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 4 июн.
Сафар, Г. Лутфи Ашӯр Сафар [Матн]: Латифа // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 6 август.
Шафиев, Ф. А. Ашур Сафар и литературная среда Куляба второй половины XX века: дисс… канд. филолог. наук: 10.01.03 / Шафиев Фарход Ашурович. – Душанбе, 2010. – 163 с.
Ғоиб, М. Савғои Бобо [Матн]: Тақриз ба маҷмуаи Ашӯр Сафар Гулгардонӣ // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 12 октябр.
Нозим, Б. Ашӯр Сафар // Эъҷози ҳунар. – Душанбе: Адиб, 1992. – С.475-510.
Нуриддинов, О. Ашӯр Сафар [Матн] // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С.208-209.
Сафар, Ғ. Армугони шоир [Матн]: Тақриз б китоби Ашӯр Сафар – Дастёри Бобо // Роҳи ленинӣ. – 1979. – 8 декабр.
Шафиев, Ф. Ташбеҳот дар ғазалиёти Ашӯра Сафар [Матн] // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе: Сино, 2008. - №2(48). – С.148-152.
Таҳияи Мавлуда Ҳамдамова, мутахассиси
шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ