Маркази такмили ихтисос
Маркази такмили ихтисос-воҳиди сохтории Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» мебошад. Марказ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», қарору супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» амалӣ менамояд.
Шуъба тибқи воҳиди корӣ аз 8 корманд иборат мебошад: сардори марказ, муовини сардори марказ, сармутахассис (2 нафар), мутахассиси пешбар (2 нафар), ва мутахассис (2 нафар).
Маркази такмили ихтисос фаъолияташро аз 1-уми апрели соли 2012 оғоз намуд. Вазифаҳои хизматии кормандони Марказ тибқи дастурамалҳои тасдиқнамудаи Директори китобхона муайян карда шудаанд.
Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти Марказ аз инҳо иборатанд:
Такмили дониши кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳамаи китобдорони китобхонаҳои мамлакат, тавассути курсҳо, таълим дар ҷойи кор ва семинару конфронсҳои ватанию хориҷӣ ба роҳ мемонад.
Марказ дар равандҳои зерин фаъолияти худро амалӣ менамояд:
- курсҳои такмили ихтисоси китобдорӣ;
- курсҳои сайёри такмили ихтисос;
- ташкили семинарҳо, маърўзаҳо, симпозиумҳои ватанию хориҷӣ;
- омўзиш ва тарғиби донишҳои китобдорӣ, таҷрибаи пешқадами соҳаи китобдории ватанию хориҷӣ ба воситаи васоити ахбори умум;
- ташкили маркази таълимию омӯзишӣ оид ба азхудкунии технологияи навтарини соҳаи китобдорӣ барои китобдорони ҷумҳурӣ;
- ҳуҷҷатҳои кўҳнашуда, фарсудашуда, осебдида, иллатдоштаро барои муқовабандӣ ва барқарорнамоӣ пешниҳод намудан ба шуъбаи дахлдор;
- расонидани ёрии амалию методӣ ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва шуъбаҳои Китобхона ;
Тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ гардидани ҳамкориҳо бо сафоратхонаҳо, созмонҳо, ширкатҳои байналмиллалӣ, барномаҳои ЮНЕСКО ва ғайра оиди рушди фаъолияти китобдорӣ (тайёр ва бозомўзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ).
Ба ҳайси намояндагии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) дар семинару конфронс ва чорабиниҳои фарҳангию ватанию байналмиллалӣ иштирок менамояд.
Инчунин китобҳои марказ аз адабиёти тахассусӣ ба забони тоҷикӣ ва русӣ иборат мебошад. Ҳифзу нигаҳдории китобҳои Марказ ва иҷрои талабу дархости аспирантон, унвонҷўён, мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва донишҷўён аз муҳимтарин вазифаҳои марказ ба ҳисоб меравад.
Марказ ҳар рўз (ғайр аз рӯзҳои якшанбе ва душанбе) аз соати 8:00 то 17:00 фаъолият мекунад.
Маҳмадшариф Каримов,
Сардори Маркази такмили ихтисоси
Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Телфон барои иртибот: 221-06-18