Доктор Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ дар соли 1939 дар ноҳияи Кадканӣ, наздики шаҳри Нишопури устони Хуросон чашм ба дунё кушод. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар Кадкан ва Машҳад ба поён бурд ва пас аз он вориди донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Машҳад шуд ва аз ин Донишгоҳ фориғултаҳсил шуд.
Вай дар ҷавонӣ дар ҳавзаи илмияи Машҳад адабиёти арабу дарсҳои ҳавзавии назди Муҳаммадтақӣ Адиби Нишопуриро фаро гирифт ва фиқҳу усулро дар маҳзари Мирзо Аҳмад Мударриси Яздӣ ва Оятулло Ҳошимии Қазвинӣ ва Оятулло Мелонӣ омухт ва дар соли 1969 ба дарёфти доктори забону адабиёти форсӣ аз Донишгоҳи Теҳрон муфтахар гардид ва аз ҳамон замон дар Донишгоҳи Теҳрон ба тадрис пардохт ва баъдҳо дар донишгоҳҳои гуногуни ҷаҳон тадрис намуд ва ҳам инак дар донишгоҳҳои Амрико машғули тадриси забону адабиёти форсӣ аст.
Доктор Шафеъии аз ҷавонӣ шеър месуруд ва ашъораш дар нашриёти Хуросон бо тахаллуси «М. Сиришк» чоп мешуд ва бо ҳамкории дўсту ҳамшаҳрияш М. Озарм, ки ў низ шоир буд, дар Машҳад анҷумаи адабӣ ташкил дод ва ба тавзеҳу тафсири шеъри Нимо ва сабки Нимо пардохт. Доктор Шафеӣ баъд аз омадан ба Теҳрон бо зиндаёд Ахавон Солис, Ҳушанг Ибтиҳоҷ ва доктор Исмоили Хўӣ ва Имоди Хуросонӣ нишасту бархостҳои мутааддиде дошт.
Вай дар соли 1990 бинобар даъвати хонаи фарҳанги ҷаҳон, ки дар Олмон баргузор шуд, ба ҳамроҳи Аҳмади Шомлу ва Ахавон Солис ба он кишвар сафар намуд ва чанде баъд бо даъвати донишгоҳҳои Оксфорди Инглисон ва Пристони Амрико ва донишгоҳҳои Ҷопон ва барои тадрис ва суханрониҳо ва пажуҳиш ба он кишварҳо сафар намуд. Байни солҳои 1974-1978 дар донишгоҳҳои Ню-Йорк ва Пенсилванияи Амрико тадрис намуд.
Устод Шафеъии Кадканӣ афзун бар шеъру шоирӣ дар заминаҳои нақди адабӣ, сабкшиносӣ ва ирфони эронӣ пажуҳишҳои бисёр арзандае дорад ва низ осори арзандае тарҷума намудааст.
Ашъораш бо чунин номҳо чоп шудааст: «Шабхонӣ», «Замзамаҳо», «Аз забони барг», «Дар кучабоғҳои Нишопур», «Мисли дарахт дар шаби борон», «Аз будану сурудан», «Бўи ҷўи Мўлиён», «Ҳазораи дувуми оҳуи кўҳӣ», «Оинае барои садоқат».
Аз осори Шафеъии Кадканӣ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед суроғ кунед:
Кадканӣ, Ш. Ҷовидон хирад; Даромад ба ҳисор; Гулҳои нақши кошӣ: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 23 июл.
Кадканӣ, Ш. Сапедаи ойинаҳо; Равшандилон; Он ошиқони шарза: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 22-29 декабр.
Худоёр, И. Ду армуғони устод Шафеъии Кадканӣ: Робитаҳои адабӣ // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 22-29 декабр.
Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ