Сомонаи китобхонаҳои миллии кишваҳои узви Созмони ҳамкориҳои иҷтисодӣ (СҲИ) бо гузашти ду моҳи дигар комилан фаъол мешавад. Дар ин бора дар дуюмин рӯзи чорумин нишасти сарварони Китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ иттилоъ дода шуд. Гуфта шуд, ки ин сомона ҳоло омода аст, вале ба ду моҳи дигар ниёз дорад, то ба пуррагӣ ва бо ҳама зарфиятҳои худ ба кор дарояд.
Сомонаи мазкур дар қадами аввал бо ду забон: инглисӣ ва русӣ роҳандозӣ мешавад, вале дар оянда ҳар кишвар бо забони худ дар он метавонад саҳифа ё бахш дошта бошад.
Ҳадафи таъсиси сомонаи вижа ин густариши ҳамкориҳои китобхонаӣ миёни кишварҳои ҳавзаи ЭКО мебошад. Як бахши муҳими он табодули таҷриба, иттилоъ ва китобҳост. Сомонаи мазкур метавонад дар тавсеаи ҳамкориҳои муштарак нақши муассир бозад.
Қарор аст ҷаласаи панҷуми сарварони Китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар семоҳаи чоруми соли 2019 доир шавад. Вале ҳоло замони дақиқ ва маҳалли баргузории он мушаххас нашудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки охирин ҷаласаи раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ ҳафт сол пеш доир шуда буд. Аммо ширкаткунандагони ҳамоиши Душанбе тасмим гирифтанд, ки аз ин ба баъд он дар ҳар ду сол маротиба доир гардад.
Фарзонаи МИРЗО