Алоуддин Баҳовуддинов

Профессор Алоуддин Баҳоваддинов агар зинда мебуд, имсол ба 106 қадам мегузошт. Файласуфи шинохта. Аз аввалин олимонест, ки Инқилоби Октябрро қабул кардааст ва то охирин лаҳзаҳои умраш коммунист буду коммунистона кору зиндагӣ кард.

Дар бораи ӯ хотираҳои ҳамкорону шогирдонаш хеле хонданист. Ин хотираҳо нишон медиҳанд, ки Баҳовуддинов шахсияти истисноӣ, донишманди закӣ, инсони шафиқу меҳрубон, хоксор ва соҳиби иродаи хос будааст. Ҳудуди ним аср аст, ки бо мо нест, вале имрӯз ҳам дар борааш мегӯянду менависанд

Баҳоваддинов Алоуддин Маҳмудович 5 ноябри соли 1911 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Ў доктори илми фалсафа (соли1951), профессор (соли 1952), академики АИ Тоҷикистон (соли 1953), Ходими шоистаи илми  Тоҷикистон (соли 1961). Аз соли 1941 аъзои  КПСС  буд. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945).

Солҳои 1927-1931 дар Институти маориф, Техникуми баъдеӣ ва Омўзишгоҳи педагогии Самарқанд хонда, чанде дар Академияи педагогии ин шаҳр аз психология дарс додаст. Солҳои 1932-1934 дар аспирантураи Академияи педагогии Самарқанд хонда, ба Душанбе  омад ва муддате ба ҳайси ёвари раиси шўрои Комиссарони халқи Тоҷикистон  хидмат намуд.

Солҳои 1936-1940 ва 1946-1951 дар ИДПД (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дарс дода, 1951-1959 мудири шўъбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон ва ҳамзамон 1951-1961мудири кафедраи фалсафаи УДТ (ҳолоДМТ) буд. Аз соли 1961 то поёни умр вазифаи директории Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистонро адо намудааст. Бешубҳа аз донишмандони барҷастаи тоҷик аст, ки дар ташаккули такомули илми фалсафа, пешбурди маорифи халқ, тайёр кардани мутахассисон саҳми муносиб гузоштааст.

Соли 1957 дар Мактаби олии хизбии Вйетнам аз фалсафа дарс додааст. Аз маҳорати педагогиаш дар дигар давлатҳои хориҷӣ низ баҳра бардоштаанд.  Баҳоваддинов аввалин бор дар адабиёти фалсафии шӯравӣ аз мавқеи марксистӣ ақидаҳои илмӣ-фалсафии Ибни Синоро таҳлил кардааст. Тарҷума ва нашри асари Ибни Сино «Донишнома» ба забони русӣ саҳми босазои Баҳоваддинов дар илм мебошад. Ў доир ба таҳлили ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии мутафаккирон Ибни Рушд, Ибни Боҷа, Ибни Халдун, инчунин фалсафаи ихвонуссафо асарҳои илми нашр кардааст. Баҳоваддинов ба тадқиқи фалсафа ва афкори  ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар асрҳои 19-20 машғул гардида ақоиди фалсафӣ- иҷтимоии асосгузори маорифпарварӣ Аҳмади Дониш, ҳамзамонон ва пайравонӣ ў – Шоҳин, Асирӣ, Сиддиқӣ, Айнӣ ва дигаронро тадқиқ кардааст. Хизматҳои Баҳоваддинов дар соҳаи  маорифи халқ, маълумоти олӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос маълуманд.

Ҳоло шогирдони сершумори ў на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳам бо муваффақият дар соҳаҳои гуногуни илму мадаият кор карда истодаанд.  

Соли 1967 ба дарёфти ҷоизаи давлатии  ба номи Абўалӣ ибни Сино сазовор шуд.

Бо ордеҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо  мукофотонида шудааст.

Соли 1970 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Бозчоп: Энсиклопедияи Советии Тоҷик. – Душанбе,1988. –Ҷ.1. –С.392-393. Муаллиф: Ғ.Ашуров.

Аз профессор Алоуддин  Баҳовуддинов дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин матолибро бихонед:

Лексия №1 Материалҳо аз фанни педагогика Барои синфи асосии якуми омўзишгоҳи педагогии ғоибона // Сталинобод. –1940. – 28с.

Марҳилаҳои асосии таърихи тарақиёти фалсафа. – Душанбе. – 1959. – 96с.

Бо роҳбари партия бо роҳи ин ба суи ғалабаи коммунизм // Тоҷикистони советӣ. – 1963. – 3 апрел.

Аҳамияти таърихии съезди П РСДРП // Маориф ва маданият. – 1963. – 30 июл.

 Партияи коммунистӣ – ташкилотии ва пешвои сиёсии халқи советӣ // Коммунисти Тоҷикистон. – 1967. – №11. –С.17-24.

Тантанаи идеяҳои ленинии дўстии халқҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1970. – 17 январ.

В.И. Ленин Назариёти бузург // Коммунисти Тоҷикистон. – 1970. – №4. – С.10-20.

Дар бораи Алоуддин  Баҳовуддинов

Педагог ва олими забардаст А.М. Баҳоваддинов // Мактаби советӣ. –1961. – №2. – С. 2.

Ҳошимов, А. Олим файласуф  // Тоҷикистон. – 1961. – №12. – С.13.

Шарифов, И., Диноршоев, М. Хизмати шоистаи таҳсин: Дар бораи академик А.М. Баҳоваддинов // Маориф ва маданият. – 1967. – 21 октябр.

Левитин, Л. Қарзи фарзандӣ: Дар бораи академик А. Баҳоваддинов  // Маориф ва маданият. – 1969. – 11 декабр.

Ашуров, Ғ., Олимов, К. Марди заковатманд: Ба муносибати 60- солагии рўзи таваллуди академик А.М. Баҳоваддинов // Тоҷикистони советӣ. – 1971. – 4 декабр.

Абдулло, Ғ. Рафиқи шафиқ: Хотираҳо дар бораи марҳум А.М. Баҳовадинов // Маориф ва маданият. – 1975. – 27 феврал.

Олимов, К. Устод агар набудӣ, илму ҳунар набудӣ: Порча аз хотирот дар арафаи 90- солагии зодрўзи академик А. Баҳоваддинов  // Ҷумҳурият. – 2002. – 12 январ.

Олимов, К. Файласуфи барчаста ва милатдўсти асил: Ба ифтихори 95- солагии файласуфи шинохтаи тоҷик А.М. Баҳоваддинов // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 25 январ.

Таҳияи Саодат Қодирова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ