Ба баъзе навиштаҳо дар сафарномаҳои ин ҷаҳонгард шубҳа кардаанд. Бахусус, саргузашташ дар Самарқандро. Аммо бо вуҷуди ин асарҳояш арзиши бойи фарҳангиву маърифатӣ ва таърихӣ доранд. Шояд аввалин нафаре аз қалби Аврупо бошад, ки ба Осиёи Миёна сафар кардаву корҳои пажуҳишӣ низ анҷом додааст. Он ки бист забон медонист, дурӯғ нест. Охирҳои умраш дар донишгоҳи Будапешт дарси забонҳои шарқ мегуфт ва яқинан яке аз ин забонҳо бояд форсӣ бошад.
Вамбери Арминий ва ё Герман Бамбергер этнограф ва сайёҳи маҷористонӣ 19-уми марти соли 1832 дар оилаи яҳудии фақиру нодор таваллуд шудааст.
Аз синни панҷсолагӣ ба модараш ёрӣ мерсонд (падараш замоне аз олам гузашт, ки вай таваллуд нашуда буд). Чун писараки закиву куҷков буд, модараш ӯро ба мактаби яҳудиён ба таҳсил гузошт ва мехост писараш духтур шавад. Аммо дар ҳаштсолагӣ вай тарки таҳсил кард ва ба омӯзиши дӯзандагӣ машғул гардид. Вай пинҳонӣ аз модараш забонҳои олмонӣ, маҷорӣ ва словакӣ меомӯхт ва мехост ба омӯзишгоҳ дохил шавад. Аммо мебоист боз ба ҳар гуна корҳо дода шавад, то рӯзгорашон таъмин бошад.
Вамбери духтур нашуд ва орзуи модарашро амалӣ накард. Фарҳанг ва ададабиёт таваҷҷуҳи ӯро бештар ба худ мекашид. Дар 20-солагӣ сафари Истамбул кард ва бо Туркияи усмонӣ шинос шуд. Дар ин шаҳр вай дарси забони яҳудӣ медод, то худро таъмин созад.
Соли 1858 луғати туркӣ-олмонӣ чоп кард ва баъдан дар мавзуъи забоншиносӣ чанд рисола навишт. Соли 1861 ба Будапешт баргашт ва аз Академияи илмҳои Маҷористон чанд ҳазор гулден пул гирифт ва худро ба сурати дарвеш даровард ва бо номи Рашид Афандӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна сафар кард.
Вамбери доир ба муҳити ҷуғрофӣ, таърих, муносибатҳои иҷтимоӣ, ҳаёт ва маданияти халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон, махсусан оид ба тарзи заминдорӣ, ҳаёти ғуломон ва истифодаи онҳо дар хоҷагии қишлоқ, урфу одат, идҳо, ёдгориҳои меъмории Бухоро ва ғайраҳо асарҳо навиштааст.
Аъзо-корреспонденти АФ Маҷористон соли (соли 1861), профессор (соли 1865). Бештар аз 20 забонҳои Аврупо ва Шарқро медонист.
Солҳои 1865-1905 дар донишгоҳи шаҳри Будапешт аз забонҳои шарқ дарс мегуфт.
Дар тадқиқоти доир ба забонҳои уйғурӣ, туркӣ ва тоторӣ маълумот ҳаст. Ў соли 1913 аз олам гузаштааст.
Аз «Энсиклопедияи советии тоҷик» ва маводҳои Интернет омода шуд.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Вамбери ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед пайдо кунед:
Путешествие по Средней Азии / «Дополнение к Путешествие по Средней Азии». – Изд. 2. А.И. Мамонтов, 1874. – 383 с.
Путешествие по Средней Азии: Описание поездки из Тегерана через Туркменскую степь по Восточному берегу Каспийского моря в Хиву, Бухару и Самарканд, совершенной в 1863 г Армением Вамбери / Перевод с английского. – СПБ., 1865. – 222 с.
Путешествие по Средней Азии: Описание поездки из Тегерана через Туркменскую степь по Восточному берегу Каспийского моря в Хиву, Бухару и Самарканд, предпринятое в 1863 году с научною целью по поручению Академии в Пеште, членом ел А. Вамбери. – М., Изд. А.И Момонтова, 1867. – 370 с.
Очерки Средней Азии: Дополнение к «Путешествие по Средней Азии». – М., 1868. – 372 с.
История Бохары или Трансоксании с древнейших времен до настоящего: По восточным обнарадованным и необнародованным рукописным историческим источникам / Перевод А.И. Павловского. – СПБ., 1873. – Т. 2 – 228 с.
Дар бораи ҷаҳонгард
Тихонов, Н.С. Вамбери Путешественник и исследователь Средней Азии и Ближнего Востока. – М.: Мысль, 1974. – 46 с.
Фараго, Ласло. Неутомимый исследователь: Бурная жизнь бедного студента, дервиша, ученого Армина Вамбери // Венгерские новости, 1962. – №1. – С. 6-7.
Таҳияи Насиба Дониёрова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ