Китобу китобхона: имрӯзиён ва дирӯзиён
Нашр шуд 2017-09-27 16:19
Аз аввали моҳи ҷорӣ то 20-уми сентябр 3 ҳазору 721 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1160 нафар зиёд аст.
Ҳар касе бо нияте ба Китобхона меояд. Гуруҳе донишҷӯёни риштаҳои гуногуни муассисаҳои олии кишваранд, ки меоянд, то ба дарсҳои семинарӣ худро омода созанд. Зумраи дигар хонандагони китобдӯсти мактабҳои миёни пойтахт ва навоҳии атрофанд. Онҳо бештар барои мутолиаи китобҳои бадеӣ меоянд ва маҷаллаву рӯзномаҳоро мехонанд. Ва гуруҳи сеюм на донишҷӯянд ва на хонанда. Онҳо мухлисони китобҳои хубанд, меоянд ва аз бойгонии ин боргоҳи маърифат истифода мекунанд.
Бо се нафар имрӯз баъд аз зуҳр ҳамсуҳбат шудем ва назарашонро дар бораи Китобхонаву китоб пурсон шудем. Инак, фишурдаи суҳбати онҳо:
Фотима Алиева, хонандаи синфи 11 мактаби рақами 56 ноҳияи Рӯдакӣ:
- Хеле хушҳолам, ки ба Китобхона омадаму имрӯз аъзои он шудам. Ман имрӯзро дар дафтари ёддошҳоям сабт хоҳам кард. Ростӣ, банда мутолиа намуданро хеле дӯст медорам. Пайваста китобҳои бадеӣ мутолиа мекунам. Азбаски дарсҳои мо дар басти авваланд, ман баъди дарс инҷо меояму ҳудуди 2 соат вақти хешро мегузаронам ва боз хона рафта ба корҳои хона ба модарам ёрӣ хоҳам расонд. Ба ҳамин хотир, ба худ тасмим гирифтам, ки бояд дар як ҳафта 3 маротиба инҷо ояму тибқи нақшаам то охири соли равон бояд ҳудуди 20 китоби бадеиро инҷо мутолиа намоям.
Амина Назарова, донишҷӯи бахши якуми колеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе:
- Ҳар боре Китобхонаи миллиро тариқи телевизион медидам, маро низ ҳаваси ин ҷо омадану ба хонандагони дигар пайвастан фаро мегирифт. Шӯруъ аз моҳи сентябр мехостам ба Китобхона ояму аз ганҷинаи нодири Китобхона истифода намоям, аммо тавре мегӯянд, Худованд розӣ набуд. Ниҳоят, ин руз барои ман фаро расид. Мана чи тавре, ки мебинед, ман акунун узви комилҳуқуқи Китобхонаи миллӣ ҳастам. Кунун метавонам, аз он шуъбаҳое, ки барои ман иртибот дорад, ройгон истифода намоям. Ман худамро донишҷӯи хушбахт меҳисобам, ки аз чунин шароиту имкониятҳои хуби Китобхонаи миллии Тоҷикистон истифода хоҳам намуд. Банда, шахсан аз номи худам ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ менамоям, ки барои мо ҷавонон чунин шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд.
Расулзода Мулоғафур, донишҷуи бахши аввали факултаи баҳисобгирии бухгалтерии таҳлил ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
- Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз Китобхонаҳои калонтарин дар ҳудуди Осиёи Марказӣ дониста шудааст. Ростӣ, гумон мекунам агар донишҷӯ аз чунин китобхонаи барҳавову замонавӣ ва дорои ҷаҳони маърифат истифода набарад, айб аст. Вақте аз даҳони устодонамон мешунавем, ки чӣ гуна муаллимонамон бо чӣ гуна шароитҳои сангину вазнин хусусан дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ хондаанд, боварамон намеояд. Имрӯз баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои мо ҷавонон илмомӯзӣ нисбатан осон гардидааст. Мо дур намеравем, насле ки 5 сол қабл донишгоҳро тамом намуда буданд. Тафовути аз бар намудани дониш аз он давра то ба имруз аллакай фарқ мекунад. Имрӯз мо ҳатто дар телефон ё планшетамон метавонем маводамонро сурат гирему онро дар хона омада мутолиа намоем. Пас, ба ҳамсолонам гуфтаниям, ки ҳоло ки фурсати аз бар намудани донишу хонишро доранд, нисбати оне, ки бекор мегарданд, бигзор биёянду аз имкониятҳои хуби Китобхонаи миллӣ истифода кунанд.
Таҳияи Фарзонаи МИРЗО