Шўъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ
Шўъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ моҳи апрели соли-2012 таъсис ёфт ва он дорои 334078 нусха адабиёт аз ҷумла: 500 –нусха китобҳои калонҳаҷм, 1300-нусха харитаи ҷаҳонӣ, 332176-нусха авторефератҳо, 103 дессертатсияҳо иборат мебошад.
Самтҳои асосии фаъолияти Шўъба иборат аз қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;
-фароҳам овардани маҷмўаҳои универсалии фонди рисолаҳо;
-ташкил, ҳифз, таъмини нигоҳдории воқеии маҷмўи нисбатан пурраи рисолаҳои ватанӣ ва пешниҳоди онҳо ба кробарон ;
-фароҳам овардании фонд бо рисолаҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он доир ба масъалаҳои кишваршиносӣ нашр мегарданд;
–иҷро намудани дархостҳои шўъба ва толорҳои хониши китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар китобхонаҳои Ҷумҳурӣ ба рисолаҳо ва авторефератҳо;
–барои истифодабарии муваққатӣ интиқоли рисолаҳо аз фонди тобеъи шуъба ба толорҳои хониши Китобхона ва муштариёни шўъбаи абонементи байни китобхонаҳо.
Инчунин дар Шўъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ «Толори кормандони илм» ифтитоҳ шудааст, ки алоқамандон доранд аз махзани рисолаҳои илмӣ, китобхонаи электронӣ, шабакаҳои маърифатии интернет адабиётҳои китобхонаҳои шахсии олимони маъруф истифода баранд .
Дар «Толори кормандони илм» чаҳор китобхонаи шахсии акдемикони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтисоддони шинохтаи ҷумҳурӣ, академик Талбак Назаров, шарқшиноси маъруф, академики АИ Федератсияи Русия Михаил Боголюбов, адиби маъруфи тоҷик, академик Раҷаб Амонов ва академик, таърихшинос Аҳрор Мухторов таъсис гардида, барои истифодаи кулли хонандагони китобхона дастрас мебошад.
Имрўз аз ин толор кормандони илм, унвонҷӯён бо истифода аз шабакаи байналмилалии Интернет ба беш аз 500000 матни электронии рисолаҳои номзадӣ ва доктории фонди электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Русия дастрасӣ доранд.
Низоми кори шуъба: Ҳар рӯз аз соати 8-00 то 17-00.