Феҳристи таърихнигорӣ
Номи китоб: Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Мураттибон: Абдуфаттоҳ Шарифзода, Нақиб Муродов, Аваз Сафаралиев
Макони чоп: Душанбе
Ношир: «Ирфон»
Соли нашр: 2011
Теъдоди саҳифаҳо: 200
Дар феҳристнома номгўи китобу мақолаҳо, баромаду мусоҳибаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, китобҳо, мақолаҳо ва андешаҳо доир ба фаъолияти сиёсии Президенти мамлакат дар зарфи солҳои 1992-2011 ҷамъ оварда шудаанд.
Феҳрист ҳамчунин сарчашмаҳои суханрониҳои Президентро дар санаҳои муҳимтарини таърихи Тоҷикистон аз ҷумлаи ҷашни Наврўз, Рўзи Истиқлолияти давлатӣ, Рўзи Ваҳдат, Рўзи Конститутсия, Рўзи Модар, Рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва Паёмҳои Сардори давлатро ба Маҷлиси Олӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва рўзи зиёиёни кишвар гирд овардааст.
Феҳрист ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, сиёсатшиносону муаррихон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва муҳаққиқони дохилу хориҷ пешбинӣ шудааст.