Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон:: ҳамоиши муфиде, ки дар Китобхонаи миллӣ гузашт
Аввалин чорабиниҳои имсолаи “Рӯзи Рӯдакӣ” аз ҳамоиш дар Китобхонаи миллӣ оғоз шуд ва фардо дар сар то сари кишвар ин рӯз васеъ таҷлил мешавад.
Субҳи имрӯз, 21-уми сентябр бо сухани ифтитоҳии Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Рӯдакишиносӣ дар солҳои охир” ифтитоҳ шуд, ки дар он ҷамъе аз устодону шогирдони донишгоҳҳои кишвар, рӯдакипажуҳишони маъруф, шоирону нависандагон ва хонандагон, меҳмонони хориҷӣ аз ҷумлаи муҳаққиқони осори Рӯдакӣ ширкат варзиданд.
Иштирокдорони ҳамоиш устод Рӯдакиро шоири соҳибмактабе номидаднд, ки мактабаш бо гузашти беш аз ҳазор сол побарҷост ва пирӣ надорад. Тӯли ин садсолаҳо шоирони тавоное чун Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Мавлавии Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш, Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнию Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шераливу Гулрухсор ва амсоли инҳо аз он мактаб сабақҳо бардоштаанд ва ояндагон низ сабақ хоҳанд бардошт.
Тавре Сайфиддин Назарзода иброз дошт, "шеъри Рӯдакӣ ганҷинаи гаронмояи адабиёт аст, шеър барои Одамушшуаро василае буд, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии худро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекард. Бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо ашъори дилангезаш ба қудрату ғановатмандии забони тоҷику форс вусъат бахшид”.
Забони шеъри Рӯдакӣ тозаву зебо ва ғаниву хушсадост. Рӯдакӣ аз ҷумлаи он суханваронест, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги шоирон эътироф шудааст.
Рӯдикишиносӣ ва рӯдакипаҳушӣ як бахши хеле муҳими таҳқиқоти илми адабиётшиносист, ки дар ин солҳо пайваста рушд кардааст. Аз соли 2002 то ба ин дам даҳҳо номгӯ китобу рисолаҳои илмӣ, мақолаҳои хонданиву пажуҳишҳои арзишманд чоп шудаанд ва он ганҷинаи ғаниро ғанитар кардаанд.
Дар ин солҳо олимон нашрҳои комилу тозаи ашъори Рӯдакиро бо назардошти бинишҳои нав омодаи чоп кардаанд. Дар кори шинохти осори Одамушшуаро ва ҷудо кардани шеъри ӯ аз шеъри ҳамасронаш иқдомоти шоистае аз ҷониби рӯдакипажуҳишон анҷом шудааст, ки атрофи ин масоил дар суханронии узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмадов муфассал сухан рафт.
Аммо рӯдакишиносӣ танҳо дар Тоҷикистон рӯ ба рушд наёвардааст, балки дар кишварҳои ҳамҷавор ва мамолики ҳамзабони мо Афғонистону Эрон низ пешрафтҳое дошта. Ҳамчуноне Доктор Иброҳими Худоёр, сарвари Ройзании фарҳании Эрон дар Тоҷикистон иброз дошт, аз замони бузургтарин пажуҳиши доктор Сайид Нафисӣ дар бори Одамушшуаро то ба имрӯз дар Эрон даҳҳо номгӯ китобҳо чоп шудаанд, ки ҷанбаҳои мухталифи осори Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба таҳлил кашидаанд ва ё ашъори султони шоиронро бо диди нав барои хонандаи муосири эронӣ муаррифӣ кардаанд.
Доктор Иброҳими Худоёр, ки маърӯзаи худро “Рӯдакишиносӣ дар Эрон: ковишҳо ва пажуҳишҳои як соли охир” номида буд, танҳо ба заҳамот ва талошҳои рӯдакипажуҳишони эронӣ зарфи ҳамин як соли охир ишора кард ва онро хеле пурбору пурғановат дар шинохти осору ашъори устод Рӯдакӣ донист.
Масъули бахши фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломи Афғонистон дар Тоҷикистон, доктор Ғуломхони Ҳазратӣ суханронии пурмуҳтавое дошт бо номи “Рӯдакишиносӣ дар солҳои охир дар Афғонистон”. Ғуломхон Ҳазратӣ ба он ишора кард, ки як бахши муҳими пажуҳишҳои адабӣ дар кишвараш ба осори Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ихтисос дорад ва дар ин солҳо бо вуҷуди монеъаҳо ба рушди илм олимони ин кишвар тавонистанд мақолоти зиёдеро дар бораи осор ва зиндагиномаи устод Рӯдакӣ таҳия намоянд ва хонандагони афғонро мутталеъ созанд.
Олимони варзида Худоӣ Шарифов, Ҷумъабой Азизқулов, Тоҷиддин Мардонӣ, Ҳасани Қорибӣ, Мизо Шукурзода низ ширкат ва суханрониҳои кутоҳ доштанд.
Дар ҳамоиш ҳачунин Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода иштирок дошт.
Маврид ба ёдоварист, ки таърихи тоҷикон ду санаро медонад, ки аз Рӯдакӣ, шеъри ӯ ва замони ӯ ёд мекард. Бори аввал соли 1926 коллегияи Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзҳои 2-3-уми Наврӯзро рӯзҳои Рӯдакӣ эълон карда буд. Яъне, он замон соли нави шамсӣ ба сарзамини тоҷикон бо ёдкарди устод Рӯдакӣ ворид мешуд. Ҳадаф аз ин ошно сохтани мардум бо осори Рӯдакӣ ва дар айни замон тарғиби маориф ва мактаби нав буд. Вале он ҷашни умумидавлатӣ набуд, аз ин рӯ бо гузашти як муҳлати хеле кутоҳ аз миён рафт.
Баъдан, аниқтараш 3-юми майи соли 2002 бо ворид кардани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола 22-юми сентябр дар сартосари мамлакат ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Ба маънии дигар ҳукумати кишвар дубора асолати Рӯзи Рӯдакиро барқарор намуд ва онро ба рӯзи миллии шеъру адаб ва илму фарҳанг табдил дод.
Инак, чанд сол аст, ки ин рӯз басо бошукуҳ таҷлил мешавад ва имсол чорабиниҳои он аз Китобхонаи миллӣ-бузургтарин махзани илму дониш шуруъ гардид.
Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост.