Китобхонаи миллӣ дар куҷо ҷойгир аст?

Ман дар ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат мекунам. Мехоҳам ба китобхона равам, вале суроғаашро намедонам. Лутфан онро ёдрас мекардед.

Бо эҳтиром, Самандар, ноҳяи Рӯдакӣ


Пайдо кардани Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон хеле осон аст. Суроғаи он шахри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 5 мебошад. Вале барои зудтар ёфтан шумо ба маркази шаҳр, назди пайкараи Исмоили Сомонӣ оед ва аз ин пайкара Китобхона баръало намудор аст.