Дона Баҳром яке аз ҳунармандони сермаҳсули ҷумҳурист. Ӯ дар мудати на он қадар тӯлонии фаъолияти касбиаш зиёда аз 200 офаридаҳои ҳунарии худро ба фонди тиллоии радио сабт намудааст. Оҳангҳои ба шеърҳои М. Қаноат “Бародарам”, Гулназар “Тоҷикистонам туӣ”, Лоиқ “Таронаи муҳаббат”, Ш. Ҳусейнзода “Таронаи сулҳу бародарӣ” Н. Яздон “Шарораи хомӯшон” аз шумораи дастовардҳои волои касбии ӯст. Филми телевизиониаш, ки соли 1988 ба тамошобинон пешкаш шуд, беҳтарин асари намоиши сол дар телевизион гардид.