Бошад, ки ҷаҳон чарх занад дар қаламат...

20-уми декабр ба зодрӯзи яке аз тавонотарин шоирони муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи  санъати Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдул¬лоҳи Рўдакӣ Сафармуҳаммад Аюбӣ 70 сол пур мешавад.
Ва ҳудудан панҷ сол пеш, дар рӯзи сарди баҳманмоҳ миллат шоири шаступанҷсолаи худро аз даст дод, панҷ сол аст, ки шеъру таронаҳои ӯ бе ӯ дар доираи маҳфилҳову нишастҳо, аз радиову телевизион садо медиҳанд.
Шоири шинохта Камол Насрулло рӯзи даргузашташ гуфта буд: "Дар воқеъ, талафоти бисёр бузург аст. Зеро Сафармуҳаммад Аюбӣ табъи равон доштанд ва дар як нишастан ғазал мегуфтанд. Дар тӯли умри кӯтоҳ теъдоди асарҳое навиштанд, ки бархеҳо ангушти ҳайрат мегазиданд. Маҳфиле набуд, ки шеъри Аюбӣ, суруди Аюбӣ садо надиҳад."
Раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гуфт, ки Аюбӣ бидуни шак мактаби хоси дромнависиро поягузорӣ кард ва ҳар касе имрӯз мехоҳад дромнавис шавад, бидуни омӯхтан аз Сафармуҳаммад Аюбӣ наметавонад комёб шавад.  "Номи Сафармуҳаммад Аюбӣ чун шоиру драмнависи серкор миёни ҷомеаи Тоҷикистон тӯли 40 соли ахир бо накӯӣ пайвастааст. Вай дар драмнависӣ таҳаввулот ворид кард ва драмҳои назмӣ навишт, ки собиқа надошт. Мактаби хоси драмнависиро созмон дод”,- гуфта буд Муҳмон Бахтӣ."
 Шуъбаи илмӣ ва тадқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо номи Сафармуҳаммад Аюбӣ-адиби боистеъдоди тоҷик”  тавсияҳои методию библиографӣ барои китобдорон омода кард.

Дарёфти китоб: САФАРМУҲАММАД АЙЮБӢ – АДИБИ БОИСТЕЪДОДИ ТОҶИК