Конфронси байналмилалӣ аз масоили вожагузинӣ дар Китобхонаи миллӣ
Дар конфронси байналмилалии "Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ -тоҷикӣ", ки ахиран дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, масоили мубрами омӯзиши таҷоруби пешқадами вожашиносӣ ва фарҳангнигорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Доктори улуми филологӣ, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар сухани ифтитоҳии худ таваҷҷуҳи ширкаткунадагони Конфронсро ба муҳим будани иртиботҳои густарда дар масоиле назири вожагузинӣ ҷалб кард. Вай аз дастовардҳои чанд соли охир дар роҳи тозагии забон ва интихоби вожаҳои дилпазир ва барои ҳамаи гуишҳои забони форсӣ муносиб ҳарф зад ва гуфт ин иқдом дар оянда низ бояд идома ёбад.
Доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил – Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форси Ҷумҳурии Исломии Эрон мужда дод, ки ниҳоди таҳти сарпарасии ӯ ба Кумитаи забони Тоҷикистон 16 ҳазор вожа пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи доктори Ҳаддоди Одил “Дар ҳаводиси дунёи имрӯз миллатҳо беш аз ҳар чизи дигар ба ҳуввият ниёз доранд. Дар ҳоле, ки ҷаҳонишавӣ метавонад, ҳуввиятро аз байн бубарад, бешак забон як омили муҳим ва унсури асосии ҳуввиятбахшӣ барои ҳар як миллат ба шумор меравад”.
Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ҳамчунин иброз дошт: “Бо таъсиси намояндагии “Бунёди Саъдӣ” дар маҳалли Пажӯҳишгоҳи забони форсии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон, гоми ҷадиде барои густариши фаъолиятҳои муртабит бо забони форсӣ дар Тоҷикистон бардоштаем.”
Ба гуфтаи профессор Додихудо Саймуддинов солҳои охир дар забони тоҷикӣ истилоҳоти ғалат зиёд ворид шудааст. Олими маъруф бар ин назар аст, ки ҳар вожае агар реша надорад, набояд мавриди пазириш бошад. Вай аз он ибрози нигаронӣ кард, ки дар Тоҷикистон ҳар кас чизе бигӯяд, он калимаро истифода мебаранд.
Ширкаткунандагон гуфтанд, ки ҳоло қолабҳои вожасозии бегона дар забони тоҷикӣ зиёд роҳ ёфтааст ва замоне расида, ки тадриҷан барои покии он талош кард.
Дар Конфронс ҳамчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон доктор Ҳуҷҷатулло Фағонӣ ва сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғаффор Орзу ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар поёни нишаст тавсияномаи Конфронс қабул гардида, бо дарназардошти дурнамои таҳқиқи истилоҳоти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқдисодӣ ва илмию техникӣ дар ҳавзаҳои форсизабонони ҷаҳон омўзиши таҷрибаи бузурги Фарҳангистони забон ва адаби форси Ҷумҳурии Эрон дар бахшҳои истилоҳнигорӣ, фарҳангнигорӣ, решашиносӣ, забоншиносии компютерӣ, таҳқиқи муқоисавии масоили вожагузинӣ ва истилоҳот силсилаи конфронсу семинарҳо ба нақша гирифта шуд.