Шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Шуъба 48 адад  нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангии пешниҳодиро мавриди санҷиши соҳавӣ қарор дода, 14 маҷмўаи дастхат ва 21 китоби чопи сангиро барои харидорӣ интихоб кардааст.  
Бойгонии шуъба бо 10  адад нусхаи хаттӣ ва 13 адад китоби чопи сангӣ ғанӣ гардонида шудааст.  Китобхонаи миллии Фаронса 30 нусхаи хаттии электрониро ба фонди электронии шуъба  тақдим кардааст. 
Ба толори хониш ва “Осорхонаи китобҳои нодир” 1634 нафар хонандагону меҳмонони дохилию хориҷӣ ташриф оварда, бо ганҷинаҳои нодири шуъба шинос шуданд ва истифода карданд.
Ҷамъоварии мавод ҷиҳати мураттабсозии феҳристҳои адабиёти Рўдакӣ (китоби 3), “Китобшиносии Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ў” (китоби 2), “Маҷаллаҳои Шарқ” (қисми 2) ва “Осорномаи Абдурраҳмони Ҷомӣ”(китоби 2) ҳамоно идома дорад. Илова бар ин 406 нусхаи хаттӣ варақгардон шуданд.