Шуъбаи фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ ва такмили ихтисос дар Китобхона
Аз ҷониби кормандони шуъба ва бо талоши онҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ оид ба мавзўъҳои 3000-солагии Ҳисор, 700- солагии Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Соли оилаи солим, «Беҳтарин тўҳфаи устод»: бахшида ба 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Нигоҳ ба таърих»: бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон, «Модари шаҳрҳо»: бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон, «Адиби ширинкаломи форсу тоҷик»: бахшида ба 700- солагии Мир сайид Алии Ҳамадонӣ, «Нақш ва ҷойгоҳи оила дар ҷомеа»: бахшида ба Соли оилаи солим, «Нақши китоб дар бунёди оилаи солим», «Тақдири хонавода дар ҷаҳони муосир» ва “Подвиг Таджикского народа в годы ВОВ: К -70 летию великой победы” силсиламақолаҳо дар рўзномаҳои ҷумҳурӣ ба чоп расонида шуд.
Кормандони шуъбаи илмӣ- таҳқиқотӣ Қараев Ф. ва Амонов Ф. бахшида ба 70 солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ (1941-1945)» дастури библиографӣ ба таъб расониданд. Ҳамчунин дастури библиогарафӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Точикистон Бобочон Ғафуров, дастури методӣ бахшида ба 70 солагии шоир Гулназар Келдӣ, маълумотномаи «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва омода карда шуд.
Аз тарафи шуъбаи Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ баргардон ва ба нашр омода намудани «Фарҳанги рўзи сухан» ва такмилу таҳрири «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» идома дорад.
Маркази «Тоҷикшиносӣ» ду ҷилди навбатии силсилаи «Тоҷнома»-китоби дуюми «Мероси хаттии бостон» (565 с. А-4) ва асари А. П. Шишов «Тоҷикон” (500с. А-4)-ро таҳия намуда, барои таъбу нашр пешниҳод намуд. Ҳамзамон дар ин марҳилаи корӣ ду асари дигар-китоби Д.Н. Логофед «Кишвари беҳуқуқон» (200 с. А-4) ва китоби Луи Гонсалес де Клавиҳо «Рўзномаи сафар ба Самарқанд ба дарбори Темур» ( 90с. А-) тарҷума ва таҳрир карда шуданд.
Инчуни дастурҳои библиографии зерин таҳия ва ба чоп омода карда шуданд: «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Феҳристи адабиёт» (Бବ пеш¬во¬зи 700-солагии зодрўзи адиби номвардар ҳаҷми70 с.); «Аскар Ҳаким, К謬тоб¬но¬ма» ( 80 с.); «Урун Кўҳзод, Ки¬тоᬬнома» (70 с.), «Монографияи библиографии қаҳрамонони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур» ( 100 с); «Лоиқ Шералӣ, Китобнома» ( 120 с.); «Ҳуринисо Ализода, Китобнома» (150 с.); «Арбобони фарҳанги тоҷик» (850 с.); «Соҳибунвонҳо» (180с.); «Донишномаи КМТ» (350с.); « Мавлуднома» (200с.); «Сафармуҳаммад Аюбӣ-адиби боистеъдоди тоҷик» (бахшида ба 70 солагии адиб); «Пўлод Толис-нависандаи мумтоз» ( бахшида ба 85 солагии нависанда).
Аз ҷониби мутахассисони Маркази такмили ихтисоси Китобхона ду барномаи таълимӣ барои бозомўзии кормандон созмон дода шудааст: барномаи таълимии «Омўзиши донишҳои компютерӣ» ва “Омўзиши донишҳои библиографӣ». Курси «Омўзиши донишҳои компютерӣ»-ро 15 нафар корманди Китобхона ва курси “Омўзиши донишҳои библиографӣ»-ро 20 нафар кормандони Китобхона хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд.
Инчунин бо дархосту мактуби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба чашни 3000-солагии Ҳисори шодмон 20 нафар кормандони китобхонаҳои ноҳияи Ҳисор дар курси кўтоҳмуддати такмили ихтисос дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҷриба омўхта, соҳиби сертификат гардиданд. 53 нафар хонанда ба курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ чалб карда шуданд.
Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои таҷрибаомўзӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз Донишгоҳи тоҷикӣ –русӣ (славянӣ)-и Точикистон 47 нафар донишҷўён ташриф оварданд.
Дар ин муддат 55 нафар донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 7 нафар донишҷўёни курси 5-уми факултаи китобдорӣ-иттилоотии ДДСТ ба номи М. Турсунзода, 6 нафар аз Коллеҷи информатика ва технологияи компютерии шаҳри Душанбе ва 7 нафар за Литсейи касбии хизмат ва туризми ш. Душанбе дар шуъбаю марказҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҷриба омўхтанд.
Айни замон 2 нафар аз Коллеҷи Фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи Буйдоқов П.Ҷ., 6 нафар магистрантҳо аз Донишгоҳи тоҷикӣ- русӣ (славянӣ) -и Тоҷикистон, 40 нафар донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи филологияи рус ва 2 нафар магистрантҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаю марказҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мувофиқи барномаҳои истеҳсолиашон таҷриба омўхта истодаанд.