Модари Музаффар

Модари Музаффар

Шаб баробари варақгардон кардани шеърҳои Музаффар, хотиротам низ беихтиёр такорӯ шуд; дар пеши назар зодгоҳи чу модар азиз бо тамоми наҷобаташ, ки ки вуҷудамро ҷавонии дубора бахшид, падид омад. Деҳа аҷоиб ҷойгоҳест, мисли ҳарам поку беғубор ва мардумон чун малак бо ҳам дӯсту ғамгусор. Ин деҳа нест, ин як хонадон аст, ки аҳли он дар миёни чордеворҳои пастобаланду яке муҳташаму дигар муҳаққар макон кардаанду, аммо бо ҳамдилӣ, бо меҳру маҳаббати бемонанд, ки дар шаҳр онро Худо гирифтааст, зиндагиро бо тамоми зебоиҳояш гарм кардаанд. Биҳишт бояд ҳамин гуна бошад.

Ишқи ин деҳаи дар орзуҳои ширнини ман ғарқ шуда аз он ҷо дубора ғалён кардааст, ки ҳоло хабари 50-солагии Музаффар, ёри дирини бо ҳам дар канори деҳа ва боз дар ҳамсоягӣ бузургшударо мешунавам. Хотироти наҷиби баччагӣ боз ханда бар рӯям мезад, ки Музаффар ҳам мисли ман орзую марому отифаи хешро аз ишқу ҷамоли русто об додааст.

Шеъри ӯ -- “Бӯи нони модар” –ро чашм меандозам. Худо раҳмат кунад, дар баробарам ҳам модари худам ва ҳам модари Музаффар модарона, латифу меҳрбону ғамгусор лабханд мезананд. Бисёриҳо ифтихори ниҳонӣ аз он мекунанд, ки ҳич кас чун онҳо модарро дӯст надоштааст. Ҳоло Музаффар мисле бо ҳамагон сабқат мекунад ва чеҳраи модари азиз дар силки тасвири ӯ пеши чашмон бармало мешавад. Мебинам: олиҳаи шафқату меҳр, тимсоли пур аз заковату ҳунару малоҳат, мудом дар такопуву заҳмат ва дуди хастагӣ дар ҷабини ожангзадааш нишаставу аммо бо чеҳраи саршор аз умеду эътимод ба бахти дурахшони фарзандон пеши назар меояд.

Оре, модар ҳамин гуна сиришт аст, ки Музаффари Холзодиён дар китоби нави хеш -- “Бӯи нони модар” дар шаддаи тасвир овардааст. Ин китобро месазад модарнома ҳам гуфт ва он бо сарсухани хеле самимии шоири маъруф Озарахш чоп шудааст. Музаффар шоири ба таъбире рустоист. Пас аз хатми донишгоҳ муддате дар Хуҷанд рӯзноманигорӣ кард (солҳои 1996-1996). Намунаҳо аз назми кӯдаконаш дар нашрияҳои вилоятӣ чоп мешуданд. Аввалин маҷмуаи шеърҳояшро бо номи “Зангулаи меҳр” соли 2000 чоп шуд. То он ки китоби дуюмаш чоп шавад, ҳашт соли дигар интизорӣ кашид. Тавре Озарахш менависад: “Дар ашъори Музаффар як самимияти хосе маҳфуз аст, ки аз зиндагии як нафар рустоие нақл мекунаду ҳамеша дар ҷустуҷӯи олами рангини хаёл эҷод мегардад. Бе даъво ва муддаойи шоирӣ ӯ замзамаҳое мекунад, ки лабрези орзуву армонҳост”.

Оре, аз шеърҳои Музаффар ҳамон хоксории ӯ эҳсос мешавад, хоксорие, ки аз хуни падару модараш ба ӯ гузашта. Падараш, ки замоне дар мактаб дарси мусиқӣ меомӯхтанд, ин ба писар гузашт ва ҳоло ҳам, ки шеъри ӯро мехонем, як ритми ороми мусикӣ ҳам ба гӯш мерасад. Музаффар ҳунари хуби навозандагиву таронасароӣ дорад ва арӯзи шеъраш бо ҳамин ритмҳои мусиқӣ ҷӯш мезанад.

Аз Модарномаи Музаффар бӯйи шири модар ба машом мерасад ва шеърҳои ин маҷмуа низ чун шири модар поканд, мусаффоянд, дармонбахшанд.

Боре дар маҳфиле гуфта будам, ки шахсе бояд то баёзи шоирони Басмандаро ҳам омода кунад. Чун ин рустои куҳистон шоирони зиёде доштаву дорад ва аз пироне, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, миёни мардум байтҳои парешон ҳам монда, ки мешавад гирдоварӣ кард. Ва касонеро ҳам медонам, ки даҳҳо дафтари шеър доштанд, вале касе онҳоро нахонд, барои худ навиштанду гузоштанду рафтанд.

 Ин ҷо чун муште намунаи харвор чанд шеър аз Модарномаи Музаффар меорам ва барояш панҷоҳсолаҳои бешуморро таманно дорам.

Б.Шафеъ, 2017

 

Аллаҳои модарам

 

Ёд кардам ин шабистон аллаҳои модарам,

Модари дар меҳрубонӣ аз ҳама волотарам.

Мехӯрӣ то ҳол ғами ман, ҳам ғами ҳар кӯдакам,
Модари пурзаҳмату дилсоддаю ғампарварам.

Сар ба зонуят ниҳам чун тифлаки нозпарваре,

Модари дар ду ҷаҳонам мушфиқу нозпарварам.

Доманам рӯзе чун шири поки ту гардад сапед,

Модари покдомани дар зиндагонӣ сарварам.

Сабз гашт саҳрои шеърам бо дуои сабзи ту,

Модари дар шеъри нобам қуввату болу парам.

Эй Музаффар, қадри модар кам надон аз қадри ҷон,

Модари ширин зи ҷонам давлату тоҷи сарам.

 

Муқаддас, модари ҷонам!

 

Гули яктои бӯстонам,

Фурӯғи субҳи хандонам.

Шабоҳанги шабистонам,

Муқаддас, модари ҷонам!

 

Ту шамъи шомафрӯзам,

Ту фоли неки пирӯзам.

Ту гулбоғӣ, ту наврӯзам,

Муқаддас, модари ҷонам!

 

Ҳаме бахту барорам ту,

Сафои рӯзгорам ту.

Паноҳам ту, мадорам ту,

Муқаддас, модари ҷонам!

 

 

Ту файзи хонаи дилҳо,

Каломат панди оқилҳо.

Зи ту рӯида комилҳо,

Муқаддас, модари ҷонам!

 

Туро пайванди ҷон гуфтам,

Шаҳаншоҳи замон гуфтам.

Ҷаҳони ҷовидон гуфтам,

Муқаддас, модари ҷонам!

 

Модари мусофирам

 

Мусофир модари бечораи ман,

Ғами ман хӯрдаӣ аз ҳарчӣ бисёр.

Худоё, илтиҷо дорам ман аз ту,

Варо дар домани сабзат нигаҳ дод.

 

Бубинам беш сафедиро ба мӯяш,

Басо гирди сараш аз бар гирифта.

Парешон ӯ зи дунёи ситамгор,

Вуҷудашро ғами модар гирифта.

 

Ҷудо гашт аз бародар в-аз зи модар,

Сипас озурдадлил аз дарди фарзанд.

Хаёлаш банду сад роз дар нигоҳаш,

Дилашро зиндагӣ ғам доду афканд.

 

Надидам дар ҷаҳони одамият,

Касе монанди ӯ мунису ғамхор.

Чу шири покаш аз банду балоҳо,

Маро бошад дуоҳояш нигаҳдор.

 

Аё, ай меҳрубонам модари ҷон,

Мабод бинам туро дигар парешон.

Ба бахти ман ба бахти кӯдаконам,

Чу хуршед доимо бошӣ фурӯзон.

 

 

Модарам

Зи фурӯғи зиндагӣ, ҷону ҷаҳонам модарам,

Обрӯю эътибори хонадонам, модарам.

Давлати дунёи бепоёни ман дар ин ҷаҳон,

Хотири болидаву ганҷи равонам, модарам.

Ҳасрату ғамҳои ман мӯи туро испед кард,

Эй умедам, орзӯям, бӯстонам, модарам.

То ба дунё зинда бошам, меҳри ту илҳоми ман,

Шуҳрату шоёни номам, достонам, модарам.

 

Хоксорам модарам

 

Нури хуршеди ҷаҳонам, хоксорам модарам,

Моҳи яктои фурӯзон, шуълаборам модарам.

Гоҳ дар оғӯши гардун ҷилва тобанд ахтарон,

Чун дили равшанзамирам нурборам модрам.

Бо умеди бахти некаам алла гуфтӣ то саҳар,

Ту умеди зиндагӣ, лайлу наҳорам модарам.

Мисли ту, эй модари ҷон, меҳрубону пок нест,

Ту дуогӯи тамоми кору борам модарам.

Ҳар каломат ҳикмату андарзҳои бешумор,

Сарбаланд кардӣ маро дар рӯзгорам модарам.

Ончӣ гӯям аз бароят боз ҳам камтар бувад,

Ту ягнона роздону роздорам модарам.

Мекунад васфат Музаффар то ба ҷон дорад амон,

Эй биҳишти бехазонам, навбаҳорам модарам.

 

Нолаи дил

 

Ҳеч кас чун модарам бар насӯзад зор-зор,

Ҳеч кас чун модрам, роҳам набошад интизор.

Ман шудам раҳгумзада дар кӯчафанди зиндагӣ,

Ҳеч кас чун модарам, ҳаргиз нашуд дилбеқарор.

Бар сари болини беморам нахуфта то саҳар,

Ҳеч кас чун модрам, бар набуд шабзиндадор.

Ин ғами дарди дилам ҳолаш парешон кардааст,

Ҳеч кас чун модарам, аз ҷон нанолид дилфигор.

Марди роҳӣ, эй Музаффар, роҳи дурат нотамом,

Ҳеч кас чун модарам, роҳам напояд чашми чор.

 

Дидори хоҳар

“Хез модар, ки мусофирписарат омадааст”

Озарахш

Ба эҳтироми хоҳараки мусофиргаштаам, ки имрӯз

дар Қазоқистон умр ба сар мебарад, мебахшам.

                                                                    Муаллиф

 

Хез хоҳар, ки ба дидори ту боз омадаам,

Аз раҳи дур дар ин субҳи намоз омадаам.

Манам он зодаи куҳ омада бар шаҳри азим,

Ба таманнои ту бо арзу ниёз омадаам.

Рози дил гуфта будам, бар ту мусофир шуданам,

Боз ман пешаки ту гуфтани роз омадаам.

Рӯи гарми ту надидам чанд сари соли дароз,

Меҳр бар дидаву дил бо даву тоз омадаам.

Ба Музаффар зи ту боқист умедхонаи дил,

Ба умедхонаи дил шоду фароз омадаам.

 

Талаби модар

Аз забони як дӯсти ҷавон ба хотири неки

модари шодравонаш бахшида шуд. Муаллиф

 

Имрӯз, ки зодрӯзи ману модари ман нест,

Шаҳтоҷи сару муштипарам, гавҳари ман нест.

Тақдир маро карда ҷудо аз назари ӯ,

Равшангари болои сарам, ахтари ман нест.

Хешон ҳама рӯ тобида аз ман ба каноранд,

Дилсӯзи дилам, модари ғампарвари ман нест.

Имрӯз шуда пур хонаи ман ёру бародар,

Лек давлати ноёби дилам, ёвари ман нест.

 Омад ба хобам модару гуфт: “Азизи ман,

Дар роҳи Худо бош, ки бадӣ дар бари ман нест”.

 

Барчаспҳо: