Гулшанӣ Шайх Иброҳими Бардаӣ
Нашр шуд 2019-07-05 10:47
Гулшанӣ Шайх Иброҳими Бардаӣ соли 1426 дар Бардаъ ба дунё омадаас. Дар Табрез таҳсили илм кардааст. Аввалҳо «Ҳайбатӣ» тахаллус дошт, баъдан бо тавсияи пири тариқаташ Умари Равшанӣ (фавт 1486) онро ба Гулшанӣ иваз намуд.
Соли 1500 аз ҷаври Исмоили Сафавӣ (ҳукумронӣ 1502-24) ба Байтулмуқаддас ҳиҷрат намуд. Муддате дар Қоҳира зиндагӣ кард. Соли 1528 бо даъвати шоҳи Рум Сулаймони Аввал ба Истанбул омад ва дубора ба Қоҳира баргашта, то охири умр дар ҳамон ҷой монд. Асосгузори тариқати «Гулшанӣ» дар тасаввуф будааст, ки ҳоло ҳам дар Мисру Туркия пайравони зиёде дорад.
Гулшанӣ адиби зуллисонайн буд ва ба форсиву туркӣ эҷод мекард. Аз ў як девону чанд маснавӣ мерос мондааст. Ашъораш мазмунҳои ирфонӣ доранд. «Маснавии маънавия-л-хафӣ»-и (1506) Гулшанӣ дар пайравӣ «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ навишта шудааст.
Дар маҳфилҳои суфия маъруфият доштааст. Шарҳи ҳоли шоир дар «Маноқиби Иброҳими Гулшанӣ» тафсир ёфтааст, ки ба қалами Муҳйии Гулшанӣ (Фавт 1617) таалуқ дорад.
Соли 1534 дар Қоҳира аз олам чашм пӯшид.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик». – Душанбе, 2015. – С. 575.
Муаллиф: А. Афсаҳзод., А. Раҳмонов,
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ