Нурзода Ҷалолуддин Низомиддин – Муовини Директор

 4-уми феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода Ҷалолуддин Низомиддин муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин шуд.

 Ҷалолуддин Нурзода 1 марти соли 1969 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ў соли 1986 мактаби миёнаи №11-и ноҳияи Мастчоҳро хатм намуда, ҳамон сол ба факултаи риёзиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардид. Номбурда донишгоҳи мазкурро соли 1992 бо баҳои хубу аъло хатм намуда, фаъолияти кориашро ҳамчун омўзгор аз мактаби миёнаи №11 оғоз намудааст.

 Ў аз фанни риёзиёт дарс гуфта, дар рафти фаъолияташ дар мактаби номбурда, маҳфили адибони ҷавонро таъсис дод. Имрўз аъзоёни маҳфили номбурда донишгоҳу донишкадаҳоро хатм намуда, яке рўзноманигору шоири барҷаста дигаре мутахассиси шинохта дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият доранд.

 Ташкилотчигӣ ва кордонии ўро ба назар гирифта ўро соли 1999 аввал раиси созмони ҷавонони хоҷагии ба номи Фирдавсӣ, соли 2002 мутахассиси татбиқи қонуни забон дар шўъбаи идеологии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ба кор гирифтанд.

 Аз сабаби ба сиёсати давлатии ҷавонон сару кор доштанаш ўро соли 2004 мудири Шўъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ таъин намуданд.

 Мавсуф дар давраи фаъолияти кориаш ҷавонони ноҳияро сарҷамъ намуда, дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар  ноҳия нақши арзанда гузошт. Дар ин давра ҷавонони ноҳия дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

 Ин истеъдоду кордонии ўро ба назар гирифта, ўро аввал соли 2007 ба ҳайси мудири Шўъбаи фарҳанг ва иттилоотии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва баъдан соли 2008 ба ҳайси сармутахассиси бахши итилоотию - таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карданд. Ў дар ин бахш худро ҳамчун ташкилотчӣ нишон дода, фаъолияти Кумитаро бо расонаҳои ахбори умум ҳамоҳанг намуд.

 Фаълолияти хубашро ба назар гирифта ўро соли 2009 мудири Бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Ў дар ин вазифаи то соли 2016 бо мувафақият кор карда, аз соли 2016 ин ҷониб ў  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷонишини мудири шуъбаи матбуоти даврӣ фаъолият кард.

 Маҷмўаи аввали шеърҳои Ҷалолиддин Нуров ба номи «Пайёми васл» ва маҷмуаи дигараш бо номи «Дунёи ҷавонӣ» бо ибтикори Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.

 4-уми феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода Ҷалолуддин Низомиддин муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин шуд.

Барчаспҳо: