РАҶАБЗОДА Салима - Ҷонишини аввали Директор
РАҶАБЗОДА Салима 4-уми феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид.
РАҶАБЗОДА Салима 10-уми майи соли 1969 дар шаҳри Душанбе дида ба олам кушодааст. Соҳиби ду маълумоти олӣ аст. Соли 1991 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси библиографи адабиёти ҷамъиятию сиёсӣ ва соли 1995 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Солҳои 1988-1990 дар вазифаи Котиби Кумитаи комсомоли техникуми сохтмони шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 1990-1996 Саркитобдори Донишкадаи Давлатии омўзгории Тоҷикистон буд.
Солҳои 1996-2006 - дар Хонаи маишии «Садбарг» менеҷер буд.
Солҳои 2006-2009 - Сармутахассиси шўъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ буд.
Соли 2012 (05-07) - Сармутахассиси шўъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва аз июли соли 2012 - Сардори шўъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.
Моҳи майи соли 2015 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ таъин шуд.
4-уми феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид.
Ҳамзамон Раиси бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст.
Айни замон унвонҷуйи Донишкадаи Давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, омӯзгори Донишкадаи Давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ мебошад.