Маҳмудов Гадобек Буриевич
Маҳмудов Гадобег Бўриевич 1-уми майи соли 1960 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рўдакӣ) таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 66 ноҳияи мазкур, соли 1978, ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Маскав дохил шуд, онро соли 1982, бо ихтисоси китобдор-библиограф хатм намуд, фаъолияти кориашро, соли 1982, ба ҳайси китобдори шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи давлатии ба номи А.Фирдавсӣ оғоз кард.
Солҳои 1983-1990 нахуст ба ҳайси омўзгори кафедраи библиографишиносии факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, аз соли 1990 то соли 2006, ба сифати омўзгори калони кафедраи мазкур кор кардааст.
Аз соли 2006 то соли 2013 роҳбарии кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзодаро ба уҳда дошт. Дар ин вазифаи пурмасъулият дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи китобдорӣ саҳми калон гузошт. Дар таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои фаннӣ, силлабусҳо, дастурҳои методӣ ва таълимӣ оид ба соҳаи библиография фаъолона ширкат намуд. Ў муаллифи китобҳои дарсӣ оид ба фанни «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо» (2012), «Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо» (2018), «Библиографишиносӣ» (2019) ва бештар аз 80 асари таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои библиографӣ мебошад.
Солҳои 2013-2015 ба сифати декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотии ДДСТ ба номи М.Турсунзода адои вазифа намуд ва дар таҳияи нақшаҳои таълимӣ, силлабусҳо, барои гузариш ба низоми таҳсили кредитӣ, саҳми калон гузошт.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 22-юми майи соли 2015, таҳти № АП – 511, мавсуф муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид.
Дар давоми фаъолияти худ оид ба пуррагардонӣ ва тарғиби фонди нигоҳдории китобхонаи мазкур, ҷалби хонандагон, ҳамкорӣ бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо диққати махсус додааст. Бо ташаббуси ў барои кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамоишҳои илмӣ-методӣ роҷеъ ба ҳифзу истифодаи захираи китоб созмон дода шуд, роҷеъ ба ин масъала вай дар семинарҳои ҷумҳуриявӣ гузоришҳо омода кард. Номбурда барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа пайваста кўшиш менамояд. Ҳамзамон дар рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, бо маҳорату кордонии худ саҳми арзанда мегузорад. Бо ташаббуси вай барномаи курсҳои такмили ихтисоси кўтоҳмуддати сайёр барои китобдорони китобхонаҳои давлатӣ-оммавии ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.
Қобили зикр аст, ки Маҳмудов Г.Б. дар тамоми корҳои ташкилӣ- ҷамъиятии китобхона фаъолона ширкат меварзад. Ў барои баланд бардоштани фаъолияти китобдорӣ, савияи дониши кормандони китобхона, ширкати онҳо дар семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи китобдорӣ саҳми бевосита дорад. Маҳз бо ибтикори ў бахшида ба 85-солагии таъсиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Роҳҳои тадбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ҳамзамон, дар чандин семинар ва конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба мавзўъҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ бо маърўзаҳо иштирок намуд.
Дар давоми фаъолияти корӣ Маҳмудов Г.Б. худро ҳамчун роҳбари кордон, соҳибтаҷрибаю баландихтисос нишон дод, ҳамеша ба тарбияи мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ў ба ҳамкорон, дар иҷрои вазифаи хизматӣ, кўмак намуда, ҳамчунин, нисбат ба иҷрои уҳдадориашон серталаб ва дар натиҷагирии супоришҳо масъулиятшинос мебошад. Иҷрои нақшаи кории шуъбаю бахшҳои китобхонаро таҳти назорати доимӣ қарор дода, аз ҳар як корманд иҷрои пурраи вазифаи хизматиро талаб менамояд. Дар баррасии масъалаҳо ва ҷамъбасти супоришҳо бевосита иштирок карда, хулосаҳои аниқу дақиқ пешниҳод менамояд.
Маҳмудов Г.Б. ҳамчун мутахассиси эҷодкор ва навовари соҳаи китобдорӣ, дар ташаккул ва рушди фарҳанги Тоҷикистон ҳиссагузор, ба ҳамкорон ва хонандагон хушмуомила мебошад.
Мавсуф, баробари фаъолият дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамчунин, ба ҳайси дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода аз фанни «Библиографишиносӣ» ба донишҷўёну магистрон дарс медиҳад.
Барои хизматҳояш аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 бо нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2015 «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2018 «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ
1.Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо [Матн]: Китоби дарсӣ /Муҳаррир М. Юсупова. Зери назари номзади илмҳои таърих К. Бўриев.- Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2012. – 184 с.
2.Махзани маърифат[Матн]:Дастури таълимӣ. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 64 с.
3.Услуби тасвири библиографии аснод тибқи стандарти 7.1-2003[Матн]: Дастури таълимӣ-методӣ/мураттибон Г. Маҳмудов, Б. Холов; муҳаррир Ҷ. Раҷабов. – Душанбе, 2015. – 34 с.
4. Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо [Матн]:Монография/муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2018. – 240 с.
5. Роҳҳои татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]:Маҷмўаи мақолаҳо/Мураттиб Г. Маҳмудов; зери назари профессор А. Мирализода. – Душанбе, 2018. – 142 с.
6. Библиографишиносӣ [Матн]:Китоби дарсӣ/Г. Маҳмудов; муҳаррир Б. Холов; зери назари профессор Х. Идизода. _ Душанбе:Истеъдод, 2019. – 240 с.